Дар Қазоқистон боз як гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро наҷот доданд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСнегопад
Снегопад  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2026
Обуна шудан
Мошине, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия ва Узбекистонро интиқол медод, дар шоҳроҳи ноҳияи Айтекебӣ вайрон шуд ва натавонист ҳаракати худро идома диҳад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар вилояти Актобеи Қазоқистон амалиёти наҷоти 46 мусофири автобусе, ки аз Екатеринбурги Русия ба Хуҷанд мерафт, анҷом дода шуд.
Мошин дар шоҳроҳи ноҳияи Айтекебӣ вайрон шуд ва натавонист роҳи худро идома диҳад.
Бо талошҳои муштараки Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамаи мусофирон, аз ҷумла шаҳрвандони Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон, инчунин як ронанда аз Қазоқистон, бехатар ба нуқтаи гармидиҳӣ дар деҳаи Жургенов интиқол дода шуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии агентӣ, дар паи ин ҳодиса касе осеб надидааст. Ба ҳамаи мусофирон кумаки зарурӣ расонида шудааст.
Сотрудники МЧС Казахстана эвакуировали пассажиров сломавшегося автобуса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2026
Наҷоти шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати барф дар роҳи Қазоқистон
Қаблан, наҷотдиҳандагон 81 шаҳрванди хориҷиро аз автобус дар шоҳроҳи вилояти Акмолин берун оварданд - ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, дар байни онҳо 17 кӯдак буд.
Лентаи хабарҳо
0