https://sputnik.tj/20260116/tojikiston-sodirot-surma-afzoish-1074566906.html
Тоҷикистон содироти сурмаро афзоиш медиҳад
Тоҷикистон содироти сурмаро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар назди ҶСП “Талко Голд” бо мақсади истеҳсоли сурма то марҳилаи ниҳоӣ корхонаи нави металлургӣ бунёди корхонаи нав ҷараён дорад
2026-01-16T12:12+0500
2026-01-16T12:12+0500
2026-01-16T12:15+0500
дар тоҷикистон
суғд
саноат
ҷсп "талко голд"
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/10/1074568920_0:70:1280:790_1920x0_80_0_0_12cc184d8db4468e4710e0aac6414521.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. Дар вилояти Суғд корхонаи нави металлургӣ пайдо мешавад, ки интизор меравад содироти сурмаро афзоиш диҳад.Ахиран, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои сохтмонии корхонаи нави Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” шинос гардидааст.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти суғд, ҶСП “Талко Голд”, дар тӯли чор соли фаъолият ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.Иттилоъ дода мешавад, ки дар назди ҶСП “Талко Голд” бо мақсади истеҳсоли сурма то марҳилаи ниҳоӣ корхонаи нави металлургӣ бо иқтидори қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна ашёи хом дар як сол, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.Ба гуфтаи масъулини корхона тамоми таҷҳизоти истеҳсолӣ бо ҷалби мутахассисон насб ва ба истифода омода гардидааст.Манбаъ афзуда, ки дар корхонаи навбунёд, ҳамзамон бо насби таҷҳизоти асосӣ, чор печи муосири истеҳсолӣ насб мегардад, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, имконият медиҳад маҳсулоти ниҳоӣ — сурма бо сифати баланд истеҳсол карда шавад.Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ва раиси ноҳияи Айнӣ ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда супоришҳо додааст.Ёдовар мешавем, ки давоми шаш моҳи соли 2025 содироти маҳсулоти кишвар бе назардошти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо 919,3 млн долларро ташкил дод.Сурма дар даҳгонаи ашёҳои содиротиии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад.Давоми шаш моҳи соли гузашта аз Тоҷикистон, сурма ва маснуоти сурмаӣ ба маблағи 286,5 млн доллар (нимаи аввали соли 2024 – 88,2) содирот шудааст.
https://sputnik.tj/20250814/top-10-mahsulot-sanoati-tojikiston-1069981330.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/10/1074568920_47:0:1185:853_1920x0_80_0_0_aeec7101d6bbded5c8bd7e8911c36ad3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, содирот, сурма, афзоиш
тоҷикистон, содирот, сурма, афзоиш
Тоҷикистон содироти сурмаро афзоиш медиҳад
12:12 16.01.2026 (Навсозишуда: 12:15 16.01.2026) Дар назди ҶСП “Талко Голд” бо мақсади истеҳсоли сурма то марҳилаи ниҳоӣ бунёди корхонаи нави металлургӣ дар арафаи анҷомёбист
ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. Дар вилояти Суғд корхонаи нави металлургӣ пайдо мешавад, ки интизор меравад содироти сурмаро афзоиш диҳад.
Ахиран, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои сохтмонии корхонаи нави Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” шинос гардидааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти суғд, ҶСП “Талко Голд”, дар тӯли чор соли фаъолият ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар назди ҶСП “Талко Голд” бо мақсади истеҳсоли сурма то марҳилаи ниҳоӣ корхонаи нави металлургӣ бо иқтидори қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна ашёи хом дар як сол, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
"Маҳсулоти корхонаи мазкур пурра ба содирот нигаронида шуда, ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди иқтисодиёт мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар хабарнома.
Ба гуфтаи масъулини корхона тамоми таҷҳизоти истеҳсолӣ бо ҷалби мутахассисон насб ва ба истифода омода гардидааст.
Манбаъ афзуда, ки дар корхонаи навбунёд, ҳамзамон бо насби таҷҳизоти асосӣ, чор печи муосири истеҳсолӣ насб мегардад, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, имконият медиҳад маҳсулоти ниҳоӣ — сурма бо сифати баланд истеҳсол карда шавад.
Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ва раиси ноҳияи Айнӣ ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда супоришҳо додааст.
Ёдовар мешавем, ки давоми шаш моҳи соли 2025 содироти маҳсулоти кишвар бе назардошти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо 919,3 млн долларро ташкил дод.
Сурма дар даҳгонаи ашёҳои содиротиии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад.
Давоми шаш моҳи соли гузашта аз Тоҷикистон, сурма ва маснуоти сурмаӣ ба маблағи 286,5 млн доллар (нимаи аввали соли 2024 – 88,2) содирот шудааст.