https://sputnik.tj/20260115/gerasimov-artish-rusiya-samtho-pesh-1074548410.html
Герасимов: артиши Русия дар ҳама самтҳо пеш меравад
Герасимов: артиши Русия дар ҳама самтҳо пеш меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ситоди генералӣ Валерий Герасимов фаъолияти гурӯҳи “Марказ” дар самти Днепропетровскро санҷид
2026-01-15T16:37+0500
2026-01-15T16:37+0500
2026-01-15T16:37+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
артиш
русия
украина
герасимов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073642737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_f189cfd36dd4091a5aa022e07fbb6f00.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия дар ҳама самтҳои минтақаи амалиёти вижаи низомӣ пешравӣ доранд.Дар ин бора, сардори Ситоди генералӣ Валерий Герасимов, зимни санҷиши фаъолияти гурӯҳи “Марказ” дар самти Днепропетровск изҳор дошт.Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар кӯшиши боздоштани пешрафти нерӯҳои гурӯҳи Марказ ба талафоти ҷонии нерӯҳояш аҳамият намедиҳанд, аммо ноком мешаванд.Сарбозон дар Константиновкаи Ҷумҳурии Халқии Донетск душманро нобуд мекунанд ва пас аз забти Красноармейск ва Димитров ҳамлаи худро идома медиҳанд. Воҳидҳои гурӯҳи “Ҷануб” ба самти Славянск пеш мераванд. Пас аз озод кардани Гуляй-Поле, нерӯҳои гурӯҳи "Шарқ" дар минтақаи Запорожйе пеш мераванд ва минтақаи амниятии худро дар Днепр васеъ мекунад, дар ҳоле ки воҳидҳои "Днепр" ба самти Запорожйе пеш мераванд.Дар бораи муваффақиятҳои гурӯҳи "Ғарб" сухан ронда, сардори ситоди генералӣ гуфт, ки низомиён озодкунии Купянск-Узловаяро дар вилояти Харков ба анҷом мерасонанд.Онҳо ҳама кӯшишҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро барои анҷоми аксулҳуҷум дар Купянскро барбод доданд. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи "Шимол" минтақаи амниятии худро дар вилоятҳои Харков ва Суми васеъ мекунад. Ин нерӯҳо аз аввали моҳи январ ду деҳа - Грабовское ва Комаровкаро озод карданд.
https://sputnik.tj/20260114/shikasti-nizomi-ima-qarori-zelenskiy-mahkum-1074514874.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073642737_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_0bc085153b87eb94f318230a6efd2663.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш, русия, самт
Герасимов: артиши Русия дар ҳама самтҳо пеш меравад
Ситоди генералӣ Валерий Герасимов фаъолияти гурӯҳи “Марказ” дар самти Днепропетровскро санҷид
ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия дар ҳама самтҳои минтақаи амалиёти вижаи низомӣ пешравӣ доранд.
Дар ин бора, сардори Ситоди генералӣ Валерий Герасимов, зимни санҷиши фаъолияти гурӯҳи “Марказ” дар самти Днепропетровск изҳор дошт.
Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар кӯшиши боздоштани пешрафти нерӯҳои гурӯҳи Марказ ба талафоти ҷонии нерӯҳояш аҳамият намедиҳанд, аммо ноком мешаванд.
Сарбозон дар Константиновкаи Ҷумҳурии Халқии Донетск душманро нобуд мекунанд ва пас аз забти Красноармейск ва Димитров ҳамлаи худро идома медиҳанд.
Воҳидҳои гурӯҳи “Ҷануб” ба самти Славянск пеш мераванд. Пас аз озод кардани Гуляй-Поле, нерӯҳои гурӯҳи "Шарқ" дар минтақаи Запорожйе пеш мераванд ва минтақаи амниятии худро дар Днепр васеъ мекунад, дар ҳоле ки воҳидҳои "Днепр" ба самти Запорожйе пеш мераванд.
Дар бораи муваффақиятҳои гурӯҳи "Ғарб" сухан ронда, сардори ситоди генералӣ гуфт, ки низомиён озодкунии Купянск-Узловаяро дар вилояти Харков ба анҷом мерасонанд.
Онҳо ҳама кӯшишҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро барои анҷоми аксулҳуҷум дар Купянскро барбод доданд.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи "Шимол" минтақаи амниятии худро дар вилоятҳои Харков ва Суми васеъ мекунад. Ин нерӯҳо аз аввали моҳи январ ду деҳа - Грабовское ва Комаровкаро озод карданд.