Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 27 млн. сомонӣ дору содирот кардааст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения Таджикистана
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2026
Обуна шудан
Айни замон дар Тоҷикистон 71 корхонаҳои ватании истеҳсоли 634 намуди дору ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Дар соли 2025 ба хориҷ ба маблағи беш аз 27 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсветии Тоҷикистон дору ва моддаҳои фаъоли биологӣ содирот шудааст.
Дар ин бора вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласае, ки натиҷаҳои соли 2025 баррасӣ гардиданд, хабар дод.
“Дар соли 2025 ба маблағи беш аз 27 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсветӣ дору ва моддаҳои фаъоли биологӣ аз ҷумҳури содирот гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад”, - гуфт вазири тандурустии кишвар.
Вай илова кард, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 71 корхонаҳои ватании истеҳсоли 634 намуди дору ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 377 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ мондаанд.
Вай афзуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024 4 корхона, 36 намуд ва 26 номгу зиёд мебошад.
Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2026
Тавлиди дору дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2025 зиёда аз 106,5 миллион ададро ташкил додааст.
Ба гуфтаи вазир ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн. адад зиёд мебошад.
Абдуллозода инчунин илова кард, ки дар соли 2025 165 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар кишвар 3492 адад муассисаҳои фарматсевтӣ фаъолият дорад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 150 адад зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0