https://sputnik.tj/20260114/tojikiston-ijozatnomaho-kam-faoliyati-sohibkori-sodda-1074519482.html
Тоҷикистон шумораи иҷозатномаҳоро кам ва шароити фаъолияти соҳибкориро содда кард
Тоҷикистон шумораи иҷозатномаҳоро кам ва шароити фаъолияти соҳибкориро содда кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ислоҳоти бузурги низоми иҷозатдиҳь анҷом дод, ки ҳадафаш фароҳам овардани муҳити мусоид соҳибкорон ва сармоягузорон мебошад
2026-01-14T16:29+0500
2026-01-14T16:29+0500
2026-01-14T16:29+0500
дар тоҷикистон
соҳибкор
сармоягузорӣ
ислоҳот
кумитаи сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071339992_0:47:1434:854_1920x0_80_0_0_6079e36deb4ebe87006267865e2d8468.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Тоҷикистон яке аз ислоҳотҳои муҳиме дар солҳои охирро амалӣ гардонид, ки дар пайи он 44 номгӯйи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва 43 зернамуди фаъолияти онҳо бекор карда шуд.Дар ин бора Кумитаи сармоягузории ва амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, шумораи умумии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз 208 то 164 номгӯй ва мақомоти иҷозатдиҳанда аз 33 ба 30 мақомот коҳиш дода шуд.Ба гуфтаи мақомоти кишвар ислоҳот бевосита се гурӯҳи асосии абзорҳои танзимкунандаро дар бар мегирад ва ба соддагардонии муҳити соҳибкорӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории кишвар нигаронида шудааст.Таъкид шудааст, ки дар марҳилаи аввал, бо қабули Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" аз соли 2023 шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 72 номгуй ё 25 дарсад коҳиш дода шуда, аз 280 номгуй ба 208 номгуй расонида шуда буд.Қайд гардидааст, ки бо амалигардонии ин тадбирҳо, на танҳо шумораи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ зарурӣ, балки ҳамчунин асосҳои ҳуқуқиеро, ки мақомоти давлатӣ метавонанд дар заминаи онҳо санҷишҳоро оғоз намоянд, коҳиш мебахшад.Инчунин, иқдоми мазкур дар баробари соддагардонии равандҳои иҷозатдиҳӣ, сарборӣ ва хавфҳои маъмуриро барои субъектҳои соҳибкорӣ ба таври назаррас коҳиш дода, сатҳи шаффофияту самаранокиро баланд бардошта, барои рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
https://sputnik.tj/20260114/tojikiston-eron-ravodid-ronandagon-bekor-1074514078.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071339992_117:0:1317:900_1920x0_80_0_0_272ead8bd8e2c6b40f7bddabe07dd434.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иҷозатномадиҳӣ, ислоҳот, кумитаи сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ
тоҷикистон, иҷозатномадиҳӣ, ислоҳот, кумитаи сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ
Тоҷикистон шумораи иҷозатномаҳоро кам ва шароити фаъолияти соҳибкориро содда кард
Тоҷикистон ислоҳоти бузурги низоми иҷозатдиҳь анҷом дод, ки ҳадафаш фароҳам овардани муҳити мусоид соҳибкорон ва сармоягузорон мебошад
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Тоҷикистон яке аз ислоҳотҳои муҳиме дар солҳои охирро амалӣ гардонид, ки дар пайи он 44 номгӯйи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва 43 зернамуди фаъолияти онҳо бекор карда шуд.
Дар ин бора Кумитаи сармоягузории ва амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, шумораи умумии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз 208 то 164 номгӯй ва мақомоти иҷозатдиҳанда аз 33 ба 30 мақомот коҳиш дода шуд.
Ба гуфтаи мақомоти кишвар ислоҳот бевосита се гурӯҳи асосии абзорҳои танзимкунандаро дар бар мегирад ва ба соддагардонии муҳити соҳибкорӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории кишвар нигаронида шудааст.
“Аз ҷумла, шумораи иҷозатномаҳои амалкунанда аз 78 то 68, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 71 то 56 ва санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз 56 то 37 коҳиш дода шуд”, - қайд кардааст Кумита.
Таъкид шудааст, ки дар марҳилаи аввал, бо қабули Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" аз соли 2023 шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 72 номгуй ё 25 дарсад коҳиш дода шуда, аз 280 номгуй ба 208 номгуй расонида шуда буд.
Қайд гардидааст, ки бо амалигардонии ин тадбирҳо, на танҳо шумораи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ зарурӣ, балки ҳамчунин асосҳои ҳуқуқиеро, ки мақомоти давлатӣ метавонанд дар заминаи онҳо санҷишҳоро оғоз намоянд, коҳиш мебахшад.
Инчунин, иқдоми мазкур дар баробари соддагардонии равандҳои иҷозатдиҳӣ, сарборӣ ва хавфҳои маъмуриро барои субъектҳои соҳибкорӣ ба таври назаррас коҳиш дода, сатҳи шаффофияту самаранокиро баланд бардошта, барои рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.