https://sputnik.tj/20260114/pashinyan-armaniston-iiao-boqi-1074528658.html
Пашинян: Арманистон то ҳадди имкон дар ИИАО боқӣ мемонад
Пашинян: Арманистон то ҳадди имкон дар ИИАО боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Арманистон бовар дорад, ки дар баъзе мавридҳо Арманистон бояд қарори сиёсӣ қабул кунад
2026-01-14T18:29+0500
2026-01-14T18:29+0500
2026-01-14T18:29+0500
никол пашинян
ииао
иқтисод
ҳамкорӣ
арманистон
узвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073727475_0:29:3106:1776_1920x0_80_0_0_b4edac78c15e0751f20bf92cb7b8441f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки Арманистон то ҳадди имкон дар Иттиҳодияи қтисодии АвруОсиё (ИИАО) боқӣ хоҳад монд.Вай ин изҳоротро дар конфронси "Арманистон ва ҷаҳон дар чорроҳаи хатарҳо ва имкониятҳо" дар Ереван, ки дар он сафирони ИМА ва ИИАО иштирок доштанд, баён кард.Пашинят изҳор дошт, ки кишвар имкон дорад узвияташро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳифз кунад ва ҳамзамон ба сӯи стандартҳои аврупоӣ аз барои рушди давлат, идоракунӣ ва ғайра пеш равад.Вай инчунин ёдовар шуд, ки соли гузашта парлумон қонунеро қабул кард, ки раванди узвият ба Иттитҳодияи Аврупоро оғоз мекунад.Имрӯз Арманистон дар роҳи мутобиқ шудан ба стандартҳои аврупоӣ қарор дорад.Пашинян қаблан гуфта буд, ки қарори сиёсӣ қабул карда мешавад."Пас аз расидан ба стандартҳои Аврупоӣ, мо ду вариант дорем: ё моро ба ИА қабул мекунанд, ё не. Аммо мо дар ҳарду сенария ғолиб меоем. Агар моро қабул накунанд ҳам, мо ба стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯ хоҳем буд ва давлати пешрафта ва муосир мешавем", - афзуд ӯ.Сарвазир шарҳ дод, ки Арманистон айни замон дар вазъияте қарор дорад, ки бо мушкили номувофиқатӣ байни ИИАО ва ИА рӯбарӯ намешавад. То он даме, ки ин мутобиқат имконпазир бошад, Арманистон дар ИИАО боқӣ хоҳад монд.Вай гуфт, номувофиқатӣ ба миён меояд, Арманистон қарорҳоеро қабул мекунад, ки мувофиқи иродаи мардум ва манфиатҳои онҳо бошанд.Баҳсҳо дар бораи хуруҷи Арманистон аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пас аз он оғоз шуданд, ки парлумони кишвар 26 марти соли 2025 лоиҳаи қонунро дар бораи нияти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо қабул кард. Аммо, ИА узвиятро пешниҳод накард ва мухолифин ин ҳуҷҷатро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бемаънӣ номиданд.Сарвазир Никол Пашинян шарҳ дод, ки қарори пайвастан ба ИА бе раъйпурсӣ қабул карда намешавад, аммо эътироф кард, ки ӯ кишварро дар 20 сол ҳамчун як қисми Иттиҳоди Аврупо мебинад.Ба гуфтаи коршиносон, хуруҷи эҳтимолии Арманистон аз ИИАО метавонад боиси коҳиши 30-40% ММД, давраи душвори гузариш ва маҳдудиятҳои эҳтимолӣ аз ҷониби кишварҳои узв гардад.
https://sputnik.tj/20251027/rusiya-uzviyat-iiao-armaniston-manfiat-1072457176.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073727475_332:0:3061:2047_1920x0_80_0_0_c590eeab4c2a50afaf41e2e45f1f727b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арманистон, ииао, иқтисод, узвият, ҳамкорӣ, никол пашинян, сарвазир
арманистон, ииао, иқтисод, узвият, ҳамкорӣ, никол пашинян, сарвазир
Пашинян: Арманистон то ҳадди имкон дар ИИАО боқӣ мемонад
Сарвазири Арманистон бовар дорад, ки дар баъзе мавридҳо Арманистон бояд қарори сиёсӣ қабул кунад
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки Арманистон то ҳадди имкон дар Иттиҳодияи қтисодии АвруОсиё (ИИАО) боқӣ хоҳад монд.
Вай ин изҳоротро дар конфронси "Арманистон ва ҷаҳон дар чорроҳаи хатарҳо ва имкониятҳо" дар Ереван, ки дар он сафирони ИМА ва ИИАО иштирок доштанд, баён кард.
Пашинят изҳор дошт, ки кишвар имкон дорад узвияташро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳифз кунад ва ҳамзамон ба сӯи стандартҳои аврупоӣ аз барои рушди давлат, идоракунӣ ва ғайра пеш равад.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки соли гузашта парлумон қонунеро қабул кард, ки раванди узвият ба Иттитҳодияи Аврупоро оғоз мекунад.Имрӯз Арманистон дар роҳи мутобиқ шудан ба стандартҳои аврупоӣ қарор дорад.
Пашинян қаблан гуфта буд, ки қарори сиёсӣ қабул карда мешавад.
"Пас аз расидан ба стандартҳои Аврупоӣ, мо ду вариант дорем: ё моро ба ИА қабул мекунанд, ё не. Аммо мо дар ҳарду сенария ғолиб меоем. Агар моро қабул накунанд ҳам, мо ба стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯ хоҳем буд ва давлати пешрафта ва муосир мешавем", - афзуд ӯ.
Сарвазир шарҳ дод, ки Арманистон айни замон дар вазъияте қарор дорад, ки бо мушкили номувофиқатӣ байни ИИАО ва ИА рӯбарӯ намешавад. То он даме, ки ин мутобиқат имконпазир бошад, Арманистон дар ИИАО боқӣ хоҳад монд.
Вай гуфт, номувофиқатӣ ба миён меояд, Арманистон қарорҳоеро қабул мекунад, ки мувофиқи иродаи мардум ва манфиатҳои онҳо бошанд.
Баҳсҳо дар бораи хуруҷи Арманистон аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пас аз он оғоз шуданд, ки парлумони кишвар 26 марти соли 2025 лоиҳаи қонунро дар бораи нияти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо қабул кард. Аммо, ИА узвиятро пешниҳод накард ва мухолифин ин ҳуҷҷатро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бемаънӣ номиданд.
Сарвазир Никол Пашинян шарҳ дод, ки қарори пайвастан ба ИА бе раъйпурсӣ қабул карда намешавад, аммо эътироф кард, ки ӯ кишварро дар 20 сол ҳамчун як қисми Иттиҳоди Аврупо мебинад.
Ба гуфтаи коршиносон, хуруҷи эҳтимолии Арманистон аз ИИАО метавонад боиси коҳиши 30-40% ММД, давраи душвори гузариш ва маҳдудиятҳои эҳтимолӣ аз ҷониби кишварҳои узв гардад.