https://sputnik.tj/20260113/pisari-sobiq-dodsiton-dushanbe-rabuda-1074497475.html
Баъди 25 сол: маълум шуд писари собиқ додситонро дар Душанбе кӣ рабуда буд?
Баъди 25 сол: маълум шуд писари собиқ додситонро дар Душанбе кӣ рабуда буд?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рабудани писари собиқ додситонро дар Душанбе пас аз 25 сол ошкор карданд
2026-01-13T18:38+0500
2026-01-13T18:38+0500
2026-01-13T18:38+0500
дар тоҷикистон
рабудан
одамрабоӣ
додситон
душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0d/1074497947_0:154:3095:1895_1920x0_80_0_0_2a6ac61e13dffc196eb1d5e00ec8279c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Ҷинояти одамрабоие, ки 25-сол қабл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии силоҳбадаст содир гардида, то ин замон ноошкор боқӣ монда буд, аз ҷониби кормандони пулиси Душанбе ошкор ва гумонбарон дастгир карда шуданд.Ёдовар мешавем, ки субҳи 21 январи соли 2000, афроди номаълум Манучеҳр Шарипови 16-сола, писари Ҳақназар Шарипов, муовини додситони нақлиётии Тоҷикистонро, дар наздикии мактаби рақами 55, рабуданд.Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, тафтишот муайян кард, ки ин ҷиноят бо сабабҳои шахсӣ ва барои гирифтани фоидаи калон, бо дастури Худойназар Одинаев, раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ, содир шудааст.Манбаъ хабар додааст, ки Абдулҳақ Самадов, Ривоҷиддин Одинаев ва дигарон, ки ҳама сокинони Ваҳдат буданд, низ дар ин ҷиноят даст доштанд.Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навраси рабудашуда дар деҳаи Тангайи Ваҳдат 65 рӯз зери назорати шахси мусаллаҳ нигоҳ дошта шудааст.“Барои раҳоии ӯ аз волидонаш 50 ҳазор доллар талаб карданд ва сипас гирифтанд. Ҷинояткорон баъди гирифтани пул писарро раҳо карданд.Қайд карда шудааст, ки айни замон, нисбати аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ тибқи қисми 2-юми моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.ВКД илова кардааст, ки Худойназар Одинаев соли 2013 ҳангоми муқовимат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз содир кардани ҷинояти дигар кушта шудааст.Аз тамоми гурӯҳ, Абдулҳақ Самадов боқӣ мондааст, ки ӯ низ боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.Ба иттилои ВКД аъзоёни дигари гурӯҳ дар ҳоли ҳозир дар пайгардӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20260110/juziyoti-taghyiroti-kadri-vkd-tojikiston-1074429872.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0d/1074497947_183:0:2912:2047_1920x0_80_0_0_3452d57f39cad85a5dd0a80beaa6ecc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷиноят, ошкор, вкд, рабудани одам, додситон
тоҷикистон, ҷиноят, ошкор, вкд, рабудани одам, додситон
Баъди 25 сол: маълум шуд писари собиқ додситонро дар Душанбе кӣ рабуда буд?
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рабудани писари собиқ додситонро дар Душанбе пас аз 25 сол ошкор карданд
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Ҷинояти одамрабоие, ки 25-сол қабл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии силоҳбадаст содир гардида, то ин замон ноошкор боқӣ монда буд, аз ҷониби кормандони пулиси Душанбе ошкор ва гумонбарон дастгир карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 21 январи соли 2000, афроди номаълум Манучеҳр Шарипови 16-сола, писари Ҳақназар Шарипов, муовини додситони нақлиётии Тоҷикистонро, дар наздикии мактаби рақами 55, рабуданд.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, тафтишот муайян кард, ки ин ҷиноят бо сабабҳои шахсӣ ва барои гирифтани фоидаи калон, бо дастури Худойназар Одинаев, раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ, содир шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки Абдулҳақ Самадов, Ривоҷиддин Одинаев ва дигарон, ки ҳама сокинони Ваҳдат буданд, низ дар ин ҷиноят даст доштанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навраси рабудашуда дар деҳаи Тангайи Ваҳдат 65 рӯз зери назорати шахси мусаллаҳ нигоҳ дошта шудааст.
“Барои раҳоии ӯ аз волидонаш 50 ҳазор доллар талаб карданд ва сипас гирифтанд. Ҷинояткорон баъди гирифтани пул писарро раҳо карданд.
Қайд карда шудааст, ки айни замон, нисбати аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ тибқи қисми 2-юми моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ВКД илова кардааст, ки Худойназар Одинаев соли 2013 ҳангоми муқовимат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз содир кардани ҷинояти дигар кушта шудааст.
Аз тамоми гурӯҳ, Абдулҳақ Самадов боқӣ мондааст, ки ӯ низ боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.
Ба иттилои ВКД аъзоёни дигари гурӯҳ дар ҳоли ҳозир дар пайгардӣ қарор доранд.