https://sputnik.tj/20260113/britoniyo-firistodani-neruho-ukraina-nizo-1074488675.html
Бритониё аз фиристодани нерӯҳо ба Украина то анҷом ёфтани низоъ худдорӣ кардааст
Бритониё аз фиристодани нерӯҳо ба Украина то анҷом ёфтани низоъ худдорӣ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Чанде пеш Бритониё эълом кард, ки баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни Маскав ва Киев ба Украина нерӯҳояшро мефиристад
2026-01-13T15:38+0500
2026-01-13T15:38+0500
2026-01-13T15:38+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
маскав
нерӯ
бритониё
сарбоз
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1d/1072516721_0:0:2944:1657_1920x0_80_0_0_9375716b4a0ea235a3ba8a1bbb0f8f42.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Сардори Ситоди дифоъии Нерӯҳои Мусаллаҳи Бритониё, маршали ҳавоӣ Ричард Найтон, изҳор дошт, ки Лондон то замоне, ки ба амнияти Украина итминон ҳосил накунад, ба он ҷо нерӯ намефиристад, хабар додааст рӯзномаи “Telegraph”."Мо нерӯҳои мусаллаҳи худро сафарбар намекунем, агар ба амнияти онҳо итминон надошта бошем", - гуфт маршал назди аъзои ПарлумонАз Найтон инчунин пурсида шуд, ки оё ӯ бовар дорад, ки сарбозони бритониёӣ дар сурати хотима ёфтани амалиёти ҷангӣ барои иҷрои вазифаҳои худ бехатар ва бо захираҳои кофӣ таъмин хоҳанд буд.Маршал эътироф кард, ки дар муҳити амалиётӣ хатари сифр вуҷуд надорад.Ҳафтаи гузашта сарвазири Бритониё Кир Стармер эълон кард, ки "эътилофи хоҳишмандон" пас аз ба даст овардани сулҳ эъломияеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо қабул кардааст.Ӯ изҳор дошт, ки дар сурати оташбас, Бритониё ва Фаронса пойгоҳҳои низомиро дар саросари кишвар таъсис медиҳанд ва анборҳои таҷҳизотро барои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина месозанд.Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи ин ҳуҷҷат изҳор дошт, ки Маскав ҳузури нерӯҳои Ғарбро дар Украина ҳамчун дахолат мешуморад. Ҳамаи чунин воҳидҳо ва иншоот ҳадафҳои қонунии ҷангӣ ҳисобида мешаванд.Дипломат таъкид кард, ки эъломия ба мусаллаҳ шудани минбаъдаи Украина, шиддат бахшида ва ба густариши ҷанг нигаронида шудааст.
https://sputnik.tj/20260113/nebenzya-hamlai-artishi-ukraina-osoishta-posukh-1074485477.html
русия
украина
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1d/1072516721_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_9f84c7299fef6875a107c4870047f692.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, бритониё, маскав, киев, созишнома, нерӯ, фиристодан,
русия, украина, амалиёти вижа, бритониё, маскав, киев, созишнома, нерӯ, фиристодан,
Бритониё аз фиристодани нерӯҳо ба Украина то анҷом ёфтани низоъ худдорӣ кардааст
Чанде пеш Бритониё эълом кард, ки баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни Маскав ва Киев ба Украина нерӯҳояшро мефиристад
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Сардори Ситоди дифоъии Нерӯҳои Мусаллаҳи Бритониё, маршали ҳавоӣ Ричард Найтон, изҳор дошт, ки Лондон то замоне, ки ба амнияти Украина итминон ҳосил накунад, ба он ҷо нерӯ намефиристад, хабар додааст рӯзномаи “Telegraph”.
"Мо нерӯҳои мусаллаҳи худро сафарбар намекунем, агар ба амнияти онҳо итминон надошта бошем", - гуфт маршал назди аъзои Парлумон
Аз Найтон инчунин пурсида шуд, ки оё ӯ бовар дорад, ки сарбозони бритониёӣ дар сурати хотима ёфтани амалиёти ҷангӣ барои иҷрои вазифаҳои худ бехатар ва бо захираҳои кофӣ таъмин хоҳанд буд.
Маршал эътироф кард, ки дар муҳити амалиётӣ хатари сифр вуҷуд надорад.
Ҳафтаи гузашта сарвазири Бритониё Кир Стармер эълон кард, ки "эътилофи хоҳишмандон" пас аз ба даст овардани сулҳ эъломияеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо қабул кардааст.
Ӯ изҳор дошт, ки дар сурати оташбас, Бритониё ва Фаронса пойгоҳҳои низомиро дар саросари кишвар таъсис медиҳанд ва анборҳои таҷҳизотро барои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина месозанд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи ин ҳуҷҷат изҳор дошт, ки Маскав ҳузури нерӯҳои Ғарбро дар Украина ҳамчун дахолат мешуморад. Ҳамаи чунин воҳидҳо ва иншоот ҳадафҳои қонунии ҷангӣ ҳисобида мешаванд.
Дипломат таъкид кард, ки эъломия ба мусаллаҳ шудани минбаъдаи Украина, шиддат бахшида ва ба густариши ҷанг нигаронида шудааст.