Олмон ба Украина силоҳ доданро идома медиҳад

CC BY-SA 4.0 / Rheinmetall Defence / Lynx KF41 120mm kБМП Lynx KF41 производства концерна Rheinmetall
БМП Lynx KF41 производства концерна Rheinmetall  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2026
Обуна шудан
Ширкати дифоии “Rheinmetall”-и Олмон ба Киев мошинҳои зиреҳпӯши Lynx KF41-ро ба маблағи даҳҳо миллион евро медиҳад
ДУШАНБЕ, 12 январ – Sputnik. Олмон ба Украина интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомиро идома медиҳад.
Ба гуфтаи “Rheinmetall”, як ширкати дифоии Олмон, арзиши аввалин бастаи аслиҳа даҳҳо миллион евро хоҳад буд.
"Ширкат ба Украина системаҳои иловагиро барои дифоъи миллӣ интиқол хоҳад дод. Қарор аст, ки Олмон аввалин мошинҳои ҷангии зирпӯши Lynx KF41-ро дар аввали соли 2026 интиқол диҳад. Шартнома барои интиқоли аслиҳа моҳи декабри соли 2025 имзо шудааст", - изҳор дошт ширкат.
Дар изҳороти ширкат инчунин нишон дода шудааст, ки панҷ мошини зиреҳпӯши аввал даҳҳо миллион евро арзиш доранд ва маблағи онҳоро ҷониби ҳукумати Олмон пардохт хоҳад кард.
Ғайр аз ин, ин консерн нақша дорад, ки интиқоли мошинҳои ҷангиро ба Украина боз ҳам афзоиш диҳад.
“Rheinmetall” бузургтарин ширкати дифоии Олмон аст, ки аз низоъ дар Украина фоида мегирад. Илова бар таъмини силоҳ ба Киев, он дар ин кишвар як корхонаи низомӣ месозад.
Вид Киева во время отключения электроэнергии 3 декабря 2025 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ошкор шуд": Киев аз вазъи фалокатбор шикоят дорад
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров борҳо изҳор карда буд, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ барои Украина, ҳадафи қонунии Русия хоҳанд буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Хотиррасон мекунем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои Ғарб расман иштироки худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба артиши Украина силоҳ медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0