Дар ИИАО бозори ягонаи нафт ташкил карда мешавад

© Sputnik / Юрий Сомов / Гузариш ба медиабонкЦистерны с нефтью. Архивное фото
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2026
Обуна шудан
Бозори ягонаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз 1 январи соли 2027 ба кор оғоз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12 янв— Sputnik. Дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бозори умумии нафтӣ таъсис дода мешавад
Дар бораи таъсиси бозори ягонаи нафтӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург гирифта шуда буд.
Қарор аст бозори умумии нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз 1 январи соли 2027 роҳандозӣ шавад.
"Таъсиси бозори умумии нафт таҳияи қоидаҳои ягона ва шаффофи тиҷорат, пешгӯии бештари таъминот ва нархҳо ва тақвияти амнияти энергетикии кишварҳои иттиҳодро дар назар дорад", - хабар додааст КИАО.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Қирғизистон, аз январ то октябри соли 2025, ҷумҳурӣ қариб 608 миллион литр бензин ворид кардааст:
Ведущий эксперт Фонда национальной энергетической безопасности, преподаватель Финансового университета при Правительстве РФ Игорь Юшков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2026
Коршинос: Нархи нафт дар бозорҳои ИИАО дар соли 2026 устувор хоҳад буд
Қирғизистон ва Тоҷикистон қисми зиёди бензин ва сӯзишвории дизелии худро аз Русия тибқи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъминоти бебоҷи нафт ва маҳсулоти нафтӣ мегирад.
Ин ду кишвар инчунин аз Қазоқистон, Беларус ва Озарбойҷон маҳсулоти нафтӣ ворид мекунанд, ки ин устувории бозори дохилиро боз ҳам таъмин мекунад.
Президенти Русия Владимир Путин зимни сафараш ба Бишкек таъкид кард, ки Қирғизистон нафт ва газро аз Русия бо нархҳои ҳадди ақал мегирад, ки барои хизматрасонии коммуналӣ, саноат ва кишоварзии ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0