https://sputnik.tj/20260111/tojikiston-kharojoti-faoliyati-siyosati-berunaashro-kam-kardaast--1074442911.html
Тоҷикистон хароҷоти фаъолияти сиёсати берунаашро кам кардааст
Тоҷикистон хароҷоти фаъолияти сиёсати берунаашро кам кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар сохтори хароҷоти фаъолияти сиёсати беруна 74,4% маблағҳо барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа сарф мешавад, гуфта мешавад дар лоиҳаи... 11.01.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-01-11T17:33+0500
2026-01-11T17:33+0500
2026-01-11T17:57+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Тоҷикистон барои фаъолияти сиёсати берунааш дар соли равон 356,7 млн сомонӣ ровон мекунад. Ин нукта дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2026 зикр шудааст. Ба асоси лоиҳа, ин нишондод нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2025 дар ҳаҷми 33,8 млн сомонӣ, ё 8,6 фоиз кам ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, аз маблағи ҷудошуда барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа 265,3 млн сомонӣ равон хоҳад шуд. Ҳамчунин пардохти аъзоҳаққии ҷумҳурӣ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, ИДМ, СААД ва СҲШ 91,4 млн сомонӣ хоҳад буд. Таъкид шудааст, ки дар сохтори хароҷоти фаъолияти сиёсати беруна 74,4% маблағҳо барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа, 25,6 фоиз барои пардохти ҳаққи аъзогӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва барои пардохти ҳаққи иштирок дар сохторҳои байнидавлатии ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра рост меояд. Хароҷоти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 265,3 млн сомониро ташкил медиҳад, омадааст дар лоиҳаи буҷа. Ба иттилои манбаъ, яке аз сабаҳои коҳишёбии сохтори ташкилотҳои байналмилалӣ ин пурра пардохт гардидани зиёдшавии саҳмияи сармояи умумӣ ва интихобии Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд мебошад.
https://sputnik.tj/20260104/buja-tojikiston-2026-sarf-1074344206.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
Тоҷикистон хароҷоти фаъолияти сиёсати берунаашро кам кардааст
17:33 11.01.2026 (Навсозишуда: 17:57 11.01.2026) Дар сохтори хароҷоти фаъолияти сиёсати беруна 74,4% маблағҳо барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа сарф мешавад, гуфта мешавад дар лоиҳаи буҷа
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Тоҷикистон барои фаъолияти сиёсати берунааш дар соли равон 356,7 млн сомонӣ ровон мекунад. Ин нукта дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2026 зикр шудааст.
Ба асоси лоиҳа, ин нишондод нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2025 дар ҳаҷми 33,8 млн сомонӣ, ё 8,6 фоиз кам ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, аз маблағи ҷудошуда барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа 265,3 млн сомонӣ равон хоҳад шуд.
Ҳамчунин пардохти аъзоҳаққии ҷумҳурӣ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, ИДМ, СААД ва СҲШ 91,4 млн сомонӣ хоҳад буд.
Таъкид шудааст, ки дар сохтори хароҷоти фаъолияти сиёсати беруна 74,4% маблағҳо барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа, 25,6 фоиз барои пардохти ҳаққи аъзогӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва барои пардохти ҳаққи иштирок дар сохторҳои байнидавлатии ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра рост меояд.
Хароҷоти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 265,3 млн сомониро ташкил медиҳад, омадааст дар лоиҳаи буҷа.
Ба иттилои манбаъ, яке аз сабаҳои коҳишёбии сохтори ташкилотҳои байналмилалӣ ин пурра пардохт гардидани зиёдшавии саҳмияи сармояи умумӣ ва интихобии Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд мебошад.