https://sputnik.tj/20260110/taghyiroti-kadri-vkd-prezident-masulin-navohi-ivaz-1074427649.html
Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД: президент масъулини 19 шаҳру навоҳиро иваз кард
Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД: президент масъулини 19 шаҳру навоҳиро иваз кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон масъулини сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз шуданд
2026-01-10T11:30+0500
2026-01-10T11:30+0500
2026-01-10T11:30+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
тағйироти кадрӣ
вкд
суғд
вмкб
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0a/1074427419_0:54:1024:630_1920x0_80_0_0_34d106dce9dab014a325c3d74e7bbd02.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои ВКД тағйироти бузурги кадрӣ анҷом дод.Кишвардор масъулини 19 шаҳру навоҳиро иваз карда бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.Ҳамин тавр дар мувофиқа бо президент тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид.Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилӣ иваз шуданд.Тағйироти кадрӣ дар вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ анҷом ёфт.Ҳамчунин масъулини ВКД дар навоҳии тобеми марказ - Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод иваз шуданд.Дар сохтори ВКД дар вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии зерин тағйирот сурат гирифт: Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.Дар ВМКБ танҳо дар ноҳияи Роштқалъа тағйирот анҷом дода шуда, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан тағйирот сурат гирифт.Гуфта мешавад, ки ба вазифаҳои нав аз ҳисоби кадрҳои ҷавони соҳа таъин гардиданд.Зимни суҳбат Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю бенуқсон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои соҳавӣ, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ дар сафҳои мақомот ва ҳам дар миёни мардум, муборизаи ҷиддию софдилона бо ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даъват кардааст.Кишвардор таъкид кардааст, ки дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
https://sputnik.tj/20260107/raison-9-navohi-vazifa-ozod-taghyirot-kadri-tojikiston-1074384958.html
https://sputnik.tj/20260107/nom-raison-nav-shahr-navohi-sughdu-khatlon-1074386836.html
суғд
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0a/1074427419_57:0:968:683_1920x0_80_0_0_6bb08cc15a7d878a07fc70c48c1d75d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйироти кадрӣ, вкд
Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД: президент масъулини 19 шаҳру навоҳиро иваз кард
Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон масъулини сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз шуданд
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои ВКД тағйироти бузурги кадрӣ анҷом дод.
Кишвардор масъулини 19 шаҳру навоҳиро иваз карда бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Ҳамин тавр дар мувофиқа бо президент тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид.
Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилӣ иваз шуданд.
Тағйироти кадрӣ дар вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ анҷом ёфт.
Ҳамчунин масъулини ВКД дар навоҳии тобеми марказ - Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод иваз шуданд.
Дар сохтори ВКД дар вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии зерин тағйирот сурат гирифт: Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Дар ВМКБ танҳо дар ноҳияи Роштқалъа тағйирот анҷом дода шуда, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан тағйирот сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки ба вазифаҳои нав аз ҳисоби кадрҳои ҷавони соҳа таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю бенуқсон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои соҳавӣ, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ дар сафҳои мақомот ва ҳам дар миёни мардум, муборизаи ҷиддию софдилона бо ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даъват кардааст.
Кишвардор таъкид кардааст, ки дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.