https://sputnik.tj/20260110/iiao-istehsoli-mahsuloti-kishovarzi-afzoish-1074423528.html
Дар ИИАО дар соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст
Дар ИИАО дар соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2025 дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиши устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст
2026-01-10T13:22+0500
2026-01-10T13:22+0500
2026-01-10T13:22+0500
ииао
авруосиё
кишоварзӣ
истеҳсол
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_0:57:3000:1745_1920x0_80_0_0_e148b0c9cbb9c75fe24b47c6072601bb.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО), дар тӯли 10 моҳи аввал истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди ИИАО қариб 3% афзоиш ёфтааст.Тавре вазири саноат ва комплекси агросаноатии КИАО Гоар Барсегян дар мусоҳиба бо “Российская газета” гуфт, афзоиш маҳсулоти кишоварзӣ дар тӯли тамоми сол идома ёфт.“Пешгӯиҳо хушбинанд: ҳосили умумии ғалладонагӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 4,3% бештар хоҳад буд, ҳамчунин ҷамъоварии ҳосили лаблабуи қанд 4,7%, картошка 5,6% ва меваю буттамева 8,9% зиёдтар пешбинӣ шудааст”, - гуфт Барсегян.Вай ҳамчунин аз афзоиши истеҳсоли чорво низёдовар шуд.“Шумораи паррандаҳо 2,4%, истеҳсоли шир 3% ва истеҳсоли тухми мурғ 2,7% афзоиш хоҳад ёфт”, - гуфт ӯ.Гоар Барсегян таъкид кард, ки айни замон, бахши кишоварзӣ бино бар мушкилоти иқлим ва беруна каме дар шароити ҳассос қарор дорад ва Иттиҳод ба ин хатарҳо зуд вокуниш нишон медиҳад.Ин мақомдор илова кард, ки дар давоми сол дар сатҳи ИИАО корҳои фаъол барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ анҷом дода шуданд.Вай афзуд, ки лоиҳаи эъломия дар бораи рушди бахши кишоварзӣ таҳия карда шуд, ки ба зудӣ ба роҳбарони ҳукуматҳо пешниҳод карда мешавад.
https://sputnik.tj/20260109/toqaev-iiao-tijorat-janub-jahoni-arab-osiyo-gustarish-1074405106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_323:0:3000:2008_1920x0_80_0_0_45004d74b49fe8caf8902f6ff8993126.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулот, афзоиш
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулот, афзоиш
Дар ИИАО дар соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст
Дар соли 2025 дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиши устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО), дар тӯли 10 моҳи аввал истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди ИИАО қариб 3% афзоиш ёфтааст.
Тавре вазири саноат ва комплекси агросаноатии КИАО Гоар Барсегян дар мусоҳиба бо “Российская газета” гуфт, афзоиш маҳсулоти кишоварзӣ дар тӯли тамоми сол идома ёфт.
“Пешгӯиҳо хушбинанд: ҳосили умумии ғалладонагӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 4,3% бештар хоҳад буд, ҳамчунин ҷамъоварии ҳосили лаблабуи қанд 4,7%, картошка 5,6% ва меваю буттамева 8,9% зиёдтар пешбинӣ шудааст”, - гуфт Барсегян.
Вай ҳамчунин аз афзоиши истеҳсоли чорво низёдовар шуд.
“Шумораи паррандаҳо 2,4%, истеҳсоли шир 3% ва истеҳсоли тухми мурғ 2,7% афзоиш хоҳад ёфт”, - гуфт ӯ.
Гоар Барсегян таъкид кард, ки айни замон, бахши кишоварзӣ бино бар мушкилоти иқлим ва беруна каме дар шароити ҳассос қарор дорад ва Иттиҳод ба ин хатарҳо зуд вокуниш нишон медиҳад.
Ин мақомдор илова кард, ки дар давоми сол дар сатҳи ИИАО корҳои фаъол барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ анҷом дода шуданд.
Вай афзуд, ки лоиҳаи эъломия дар бораи рушди бахши кишоварзӣ таҳия карда шуд, ки ба зудӣ ба роҳбарони ҳукуматҳо пешниҳод карда мешавад.