https://sputnik.tj/20260109/vazorati-difoi-rusiya-vada-dod-ki-ba-hama-guna-amalhoi-terroristii-ukraina-posukh-medihad-1074421542.html
Вазорати дифои Русия ваъда дод, ки ба ҳама гуна амалҳои террористии Украина посух медиҳад
Вазорати дифои Русия ваъда дод, ки ба ҳама гуна амалҳои террористии Украина посух медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия пас аз ҳамлаи террористии режими Киев ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород изҳорот нашр кард
2026-01-09T18:51+0500
2026-01-09T18:51+0500
2026-01-09T18:51+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
артиши русия
украина
амалиёти вижа
ҳамлаи мушакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/09/1074418125_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_ce67059a9cd99948dd9ac9c9af41ca5b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Ҳар гуна амалҳои террористии Украина беҷавоб нахоҳанд монд.Дар ин бора Вазорати дифои Русия изҳор дошт."Дар посух ба ҳамлаи террористии режими Киев ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород, ки шаби 29 декабр рух дод, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ҳамлаи густарда ба иншооти муҳими Украина анҷом доданд. Ҳар гуна амалҳои террористии режими ҷинояткори Украина беҷавоб нахоҳанд монд", - таъкид кардааст вазорати дифоъ.Ҳамлаи Артиши Украина ба қароргоҳи ПутинШаби 28 ба 29 декабр, артиши Украина ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород ҳамлаи густурда анҷом доданд. Дар ин ҳамла 91 ҳавопаймои бесарнишин истифода шуд ва ҳамаи ҳадафҳои ҳавоӣ аз ҷониби нерӯҳои падофанди ҳавоии Русия нобуд карда шуданд.Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки дар ин ҳамла ягон талафот ё хисорот ба қайд гирифта нашудааст.Ба гуфтаи ҷониби Русия, ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки музокироти фаъол бо Иёлоти Муттаҳида барои ҳалли низои Украина сурат гирифтааст. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров гуфт, ки ин ҳамла аз гузариши режими Киев ба терроризми давлатӣ шаҳодат медиҳад, ки бознигарии мавқеи гуфтушуниди Русияро талаб мекунад.Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков таъкид кард, ки Киев бо чунин таҳрикот талошҳои президент Доналд Трампро халалдор мекунад, аммо ин ба муколамаи байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида таъсир намерасонад; президентҳо ба ҳамкорӣ идома хоҳанд дод. Ӯ афзуд, ки низомиён медонанд, ки чӣ гуна, бо чӣ ва кай ба ҳамлаи Украина посух диҳанд.Кӯшиши ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз ҷониби бисёр кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Беларус, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб маҳкум карда шуд.
https://sputnik.tj/20260109/zelenskiy-rahbar-nest-ima-oshkor-kard-ki-ki-dar-kiev-qudrat-dar-dasti-kist-1074416885.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/09/1074418125_451:0:3182:2048_1920x0_80_0_0_b04c0aa0264885d27ddb8f3d68bfaf05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, вазорати дифоъ, русия, ҳамлаи терррористӣ, посух
украина, амалиёти вижа, вазорати дифоъ, русия, ҳамлаи терррористӣ, посух
Вазорати дифои Русия ваъда дод, ки ба ҳама гуна амалҳои террористии Украина посух медиҳад
Вазорати дифои Русия пас аз ҳамлаи террористии режими Киев ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород изҳорот нашр кард
ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Ҳар гуна амалҳои террористии Украина беҷавоб нахоҳанд монд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия изҳор дошт.
"Дар посух ба ҳамлаи террористии режими Киев ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород, ки шаби 29 декабр рух дод, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ҳамлаи густарда ба иншооти муҳими Украина анҷом доданд. Ҳар гуна амалҳои террористии режими ҷинояткори Украина беҷавоб нахоҳанд монд", - таъкид кардааст вазорати дифоъ.
Ҳамлаи Артиши Украина ба қароргоҳи Путин
Шаби 28 ба 29 декабр, артиши Украина ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород ҳамлаи густурда анҷом доданд. Дар ин ҳамла 91 ҳавопаймои бесарнишин истифода шуд ва ҳамаи ҳадафҳои ҳавоӣ аз ҷониби нерӯҳои падофанди ҳавоии Русия нобуд карда шуданд.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки дар ин ҳамла ягон талафот ё хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи ҷониби Русия, ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки музокироти фаъол бо Иёлоти Муттаҳида барои ҳалли низои Украина сурат гирифтааст. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров гуфт, ки ин ҳамла аз гузариши режими Киев ба терроризми давлатӣ шаҳодат медиҳад, ки бознигарии мавқеи гуфтушуниди Русияро талаб мекунад.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков таъкид кард, ки Киев бо чунин таҳрикот талошҳои президент Доналд Трампро халалдор мекунад, аммо ин ба муколамаи байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида таъсир намерасонад; президентҳо ба ҳамкорӣ идома хоҳанд дод. Ӯ афзуд, ки низомиён медонанд, ки чӣ гуна, бо чӣ ва кай ба ҳамлаи Украина посух диҳанд.
Кӯшиши ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз ҷониби бисёр кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Беларус, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб маҳкум карда шуд.