Притчин: Водии Фарғона ба минтақаи сулҳ ва ҳамкорӣ табдил ёфтааст

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаГлавы государств открыли стелу Дружбы Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана
Главы государств открыли стелу Дружбы Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар соли 2025, аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Дар соли 2025 барои се давлати Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон - як рӯйдоди муҳим рух дод.
Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ дар Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия, дар ин бора дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
"Дар водии Фарғона созишномае имзо шуд, ки нуқтаи тамосро на танҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, балки байни Узбекистон низ муайян мекунад. То охири соли 2025 дар водии Фарғона ниҳоят аломатгузорӣ байни се давлат анҷом ёфт", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вкоршинос, ин як давраи тӯлонии ҷудоӣ, ки баъзан фоҷиабор, баъзан пур аз низоъҳо, бахусус байни Қирғизистон ва Тоҷикистон буд.
"Ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки чӣ гуна мақомотҳои миллӣ ва минтақавӣ, ҷамоатҳои минтақавӣ ва ҷамоатҳои марзӣ аз ин имкониятҳо истифода хоҳанд кард", - қайд кард таҳлилгар.
Вай ёдовар шуд, ки ҳамагӣ 10 сол пеш водии Фарғона дар воқеияти комилан дигар зиндагӣ мекард.
Эътибору аҳамияти Осиёи Миёна барои Русия аз бартариятҳост, - Притчин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2025
Эътибору аҳамияти Осиёи Миёна барои Русия аз бартариятҳост, - Притчин.
"Дар марз симхорҳо буданд, норасоии нуқтаҳои назоратӣ вуҷуд дошт ва гузаштан аз онҳо барои ҳама як мушкили ҷиддӣ буд - режими сахт бо назардошти он ҷорӣ карда шуд, ки водии Фарғона якчанд анклавҳои дигарро дар бар мегирад. Ин фазои тарканда ва мураккаб дар марз ҳамеша барои одамоне, ки наметавонистанд ба қитъаи асосии кишвари худ сафар кунанд, мушкили хеле ҷиддӣ буд.
Акнун, Притчин идома дод, ин вазъият чизи гузашта аст. ҳоло бо шиносномаҳои дохилӣ тавассути кишварҳои ҳамсоя сафар кардан мумкин аст ва ин ягон мушкилот эҷод намекунад.
"Умуман, мо аллакай метавонем бигӯем, ки водии Фарғона минтақаи сулҳ ва ҳамкорӣ аст ва ин муҳимтарин дастоварди он аст", - хулоса кард коршинос.
Лентаи хабарҳо
0