https://sputnik.tj/20260109/meloni-avrupo-rusiya-ukraina-guftugu-1074422937.html
Мелони: Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтугӯ кунад
Мелони: Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтугӯ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Итолиё ахиран эълон кард, ки Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтугӯро оғоз кунад
2026-01-09T20:21+0500
2026-01-09T20:21+0500
2026-01-09T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
дар русия
аврупо
иттиҳоди аврупо
музокирот
итолиё
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064475694_0:132:2121:1325_1920x0_80_0_0_cddedcea4d61511c02ffa500f1da1b1f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Сарвазири Итолиё Ҷорҷия Мелони изҳор дошт, ки Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтушунидро оғоз кунад ва аз таъйини намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо барои ҳалли масъалаи Украина ҷонибдорӣ кунад."Ман фикр мекунам, ки лаҳзае фаро расидааст, ки Аврупо бояд бо Русия гуфтугӯ кунад. Зеро агар Аврупо тасмим бигирад, ки дар ин марҳила музокирот танҳо бо як тараф гуфтугӯ кунад, ман метарсам, ки дар ниҳоят саҳми мусбат маҳдуд хоҳад шуд", - гуфт ӯ дар як нишасти матбуотӣ.Ба гуфтаи хонум Мелони, мушкили Аврупо дар гуногунии ақидаҳост."Аз ин рӯ, ман ҳамеша тарафдори таъйини фиристодаи махсуси аврупоӣ оид ба масъалаи Украина ҳастам - касе, ки ба мо имкон медиҳад, улоса барорем ва бо як овоз сухан гӯем", - гуфт сарвазир.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Париж ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор шуд, ки дар он, дар баробари дигар масъалаҳо, ба истилоҳ кафолатҳои амниятии Украина, аз ҷумла ҷойгиршавии нерӯҳои хориҷӣ, баррасӣ шуданд. Пас аз ин нишаст, сарвазири Бритониё Кир Стармер эълон кард, ки иштирокчиён эъломияеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо дар Украина пас аз ба даст овардани сулҳ қабул кардаанд.Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия ҳама гуна нерӯҳои хориҷиро дар қаламрави Украина ҳамчун ҳадафҳои қонунии низомӣ баррасӣ хоҳад кард. Президент инчунин афзуд, ки ҳатто пас аз ба даст овардани созишномаи сулҳ, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар он ҷо номуносиб хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20260108/vukh-rusiya-rohi-halli-nizo-ukraina-1074406340.html
украина
русия
аврупо
итолиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064475694_0:0:1885:1413_1920x0_80_0_0_bd2c476eeaf9880e969cab71a9d1c108.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, аврупо, иттиҳодияи аврупо, музокирот, гуфтугӯ, итолиё, сарвазир
украина, русия, аврупо, иттиҳодияи аврупо, музокирот, гуфтугӯ, итолиё, сарвазир
Мелони: Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтугӯ кунад
Сарвазири Итолиё ахиран эълон кард, ки Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтугӯро оғоз кунад
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Сарвазири Итолиё Ҷорҷия Мелони изҳор дошт, ки Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтушунидро оғоз кунад ва аз таъйини намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо барои ҳалли масъалаи Украина ҷонибдорӣ кунад.
"Ман фикр мекунам, ки лаҳзае фаро расидааст, ки Аврупо бояд бо Русия гуфтугӯ кунад. Зеро агар Аврупо тасмим бигирад, ки дар ин марҳила музокирот танҳо бо як тараф гуфтугӯ кунад, ман метарсам, ки дар ниҳоят саҳми мусбат маҳдуд хоҳад шуд", - гуфт ӯ дар як нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи хонум Мелони, мушкили Аврупо дар гуногунии ақидаҳост.
"Аз ин рӯ, ман ҳамеша тарафдори таъйини фиристодаи махсуси аврупоӣ оид ба масъалаи Украина ҳастам - касе, ки ба мо имкон медиҳад, улоса барорем ва бо як овоз сухан гӯем", - гуфт сарвазир.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Париж ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор шуд, ки дар он, дар баробари дигар масъалаҳо, ба истилоҳ кафолатҳои амниятии Украина, аз ҷумла ҷойгиршавии нерӯҳои хориҷӣ, баррасӣ шуданд. Пас аз ин нишаст, сарвазири Бритониё Кир Стармер эълон кард, ки иштирокчиён эъломияеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо дар Украина пас аз ба даст овардани сулҳ қабул кардаанд.
Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия ҳама гуна нерӯҳои хориҷиро дар қаламрави Украина ҳамчун ҳадафҳои қонунии низомӣ баррасӣ хоҳад кард. Президент инчунин афзуд, ки ҳатто пас аз ба даст овардани созишномаи сулҳ, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар он ҷо номуносиб хоҳад буд.