Мақомот: Ҳоло ширкати "Тоҷик Эйр" аз ягон ширкати хориҷӣ қарздор нест

© Foto / Официальный сайт авиакомпании Tajik Air / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2026
Обуна шудан
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон соли 2025-ро барои Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" соли хеле муваффақ ва пурбор арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки то имрӯз ширкати "Тоҷик Эйр" аз ягон ширкати хориҷӣ қарздор нест ва метавонад дар соли 2026 парвозҳои байналмилалиро бидуни ягон монеа анҷом диҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар соли 2025 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба баҳси тӯлонӣ бо ширкати литвагии UAB "Skyroad Leasing" хотима бахшид.
“Қарзи Ҷамъият дар назди ин ширкат ба маблағи 36,6 миллион доллар пурра бартараф карда шуд”, - таъкид кард робарияти Агентии авиатсияи гражданӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар соли 2025.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин зикр карда шуд, ки ду ҳавопаймои Boeing 737-500, ки қаблан аз ширкати UAB "Skyroad Leasing" ба иҷора гирифта шуда буданд ва аз соли 2013 мавриди истифода қарор надоштанд, дар "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" нигоҳдорӣ мешуданд.
Парвозҳои байналмилалӣ барқарор мешаванд?:“Тоҷик Эйр” 101 коргар меҷӯяд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2025
Парвозҳои байналмилалӣ барқарор мешаванд?:“Тоҷик Эйр” 101 коргар меҷӯяд.
Қайд карда шудааст, ки дар соли 2025 ин ҳавопаймоҳо пурра ба тавозуни "Тоҷик Эйр" гузаронида шуданд.
Ҳамчунин ба иттилои Агентӣ ҳавопаймои Boeing 737-300, ки моликияти "Тоҷик Эйр" мебошад ва дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково шаҳри Маскав қарор дошт, аз ҳабс бароварда шуда, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон баргардонида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0