Сагинтаев: Ҳадафи асосии ИИАО рушди иқтисоди рақамӣ аст

© Sputnik / POOL / Михаил Метцель / Гузариш ба медиабонкЗаседание ВЕЭС под председательством президента РФ В. Путина
Заседание ВЕЭС под председательством президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Обуна шудан
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои тақвияти рушди иқтисоди рақамӣ дар соли 2026 талош хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев ахиран худ изҳор дошт, ки ҳадафи асосии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ин табдили рақамии миқёси васеъи ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт мебошад.
Ба гуфтаи вай, соли гузашта ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳодияииқтисодии АвруОсиё ба сатҳи сифатан нав расид ва ин натиҷаи талошҳои муштарак дар асоси принсипҳои баробарӣ, "намояндагии баробар ва қабули қарорҳои консенсусӣ" буд.
"Мо якҷоя бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Аз ҷумлаи авлавиятҳои асосӣ табдили рақамии миқёси васеъи ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт, рушди ҳамкории саноатӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, беҳтар кардани некӯаҳволии шаҳрвандони кишварҳои ИИАО мебошад", - гуфт Сагинтаев.
Красноярский алюминиевый завод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2026
ИИАО барои ҷустуҷӯи объектҳои саноатӣ хадамоти вижа ташкил мекунад
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0