Дар Русия барои фарогирии кӯдакони муҳоҷирон ба мактаб қоидаи нав ба амал медарояд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкОбучение детей мигрантов в Москве
Обучение детей мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Обуна шудан
Интизор меравад, ки қонуни нав барои ба таҳсил фаро гирифтани ҳамаи кӯдакони муҳоҷирон ва сода гардонидани гирдоварии ҳуҷҷатҳо кумак кунад
ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Сар аз 28 январи соли 2026 дар Русия қонуни федеролӣ доир ба тартиби нави мубодилаи иттилоот дар бораи кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ байни ВКД Русия ва мақомоти маорифи ин кишвар ба ҳукми амал медарояд.
Тибқи ин қонун, раванди будубоши шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат таҳти назорати мақомоти дахлдори давлатӣ қарор мегирад.
Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия шарҳ дод, ки ин қонун чӣ маънӣ дорад ва чӣ гуна кор мекунад.
Аз ин ва баъд, замони ба қайди муҳоҷират гузоштани кӯдак (ё аз қайд баровардан), ВКД ин маълумотро ба таври худкор ба идораи маорифи маҳаллӣ мефиристад.
Ин ба муайян кардани эҳтиёҷоти фарзанди муҳоҷирон ба ҷой дар мактаб ё кӯдакистон кӯмак мерасонад.
Ҳамчунин, агар шумо барои дохил кардани фарзанд ба мактаб ё коллеҷ муроҷиат кунед, муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст дар ин бора ба ВКД хабар диҳад.
Барои дохил кардани фарзандон ба мактаб ё коллеҷҳо ҳамчунин:
Натиҷаи санҷиши дониши забони русӣ,
Шаҳодатномаи таваллуд ,
далели хориҷшавӣ (агар кӯдак таҳсилро қатъ карда бошад).
Манбаъ афзуда, ки ҳадафи асосии Қонуни федеролии № 314, ки 31 июли соли 2025 қабул шудааст, — ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони муҳоҷирон мебошад.
"Оилаҳое, ки фарзандони худро аз таҳсил дур менамоянд, мақомот бо чунин оилаҳо корҳои инфиродӣ гузаронида (кӯмак дар дохилшавӣ, ҷустуҷӯи ҷой ва ғайра) ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд", - омадааст дар гузориш.
Ҳамаи ин амал ба таври худкор тавассути системаҳои электронӣ сурат гирифта, мушкилоти оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро дар сати гирдоварии ҳуҷҷатҳо барои таҳсили кӯдакон ва наврасон содда менамояд.
Ҳуқуқшинос аз навгониҳо барои муҳоҷирон дар соли 2025 гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2025
Ҳуқуқшинос аз навгониҳо барои муҳоҷирон дар соли 2025 гуфт – видео
Намояндагӣ ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки фарзандонро ҳамзамон бо худ ба қайди муҳоҷират дар суроғаи воқеии зист гузошта, ба мактаби наздиктарин барои дохил кардани кӯдак муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0