Раиси вилояти Хатлон муовинони навашро муаррифӣ кард

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМуовинони нави раиси вилояти Хатлон
Муовинони нави раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Обуна шудан
Собиқ муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва ёвари раисҷумҳури кишвар Раҳмонзода Абдулло муовинони раиси вилояти Хатлон таъйин шуданд
ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар як ҷаласа муовинони навашро муаррифӣ кард.
Дарн ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ахиран ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ дар мақомоти вилоят баррасӣ шуд.
“Бо қарори раиси вилоят ва дар асоси розигии хаттии Президенти Тоҷикистон аз 7 январи соли 2026 Солеҳзода Ашурбой - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва Раҳмонзода Абдулло - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба идеология таъин гардиданд”,- хабар додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят муовинони навтаъинро ба ин вазифаи ниҳоят пурмасъул табрик намуда, таъкид кард, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои президент талош намоянд.
Таъиноти кадрҳои нав дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2026
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раисони 9 навоҳии Суғду Хатлон аз вазифа озод шуданд: тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Муовинони навтаъин зимни баромади худ, ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳур ва раиси вилоят ҳамеша талош хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистонт дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0