Маълум шуд, кай дар Душанбе конфронси захираҳои об баргузор мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВвод в эксплуатацию четвертого гидроагрегата Нурекской ГЭС
Ввод в эксплуатацию четвертого гидроагрегата Нурекской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2026
Обуна шудан
Конфронси чоруми об дар Душанбе ба як платформаи муҳими ҷаҳонӣ барои тақвияти шарикӣ табдил хоҳад ёфт, мегӯяд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи амали "Об барои рушди устувор" (2018-2028) дар Душанбе дар нимаи дуюми моҳи май баргузор мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
"Ҳукумати Тоҷикистон якҷоя бо СММ эълон кард, ки 4-умин конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мешавад", - шарҳ дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Вазорат таъкид карда, ки кишвар барои пешбурди рӯзномаи об дар сатҳи байналмилалӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.
Роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ҳайатҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва намояндагони муассисаҳои илмӣ нақша доранд, ки дар ин чорабинӣ иштирок кунанд.
"Конфронси чоруми Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" ба як платформаи муҳими ҷаҳонӣ барои тақвияти шарикӣ табдил хоҳад ёфт", - афзудааст ВУХ.
Барнома намоишгоҳ, ҷаласаҳои умумӣ, нӯҳ ҷаласаи мавзӯӣ ва форумҳои пеш аз конфронсро дар бар мегирад.
Ледник в горах Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2025
Таъсиси ду озмоишгоҳ барои санҷиши пирях ва об дар Тоҷикистон
Дар ин чорабинӣ инчунин сафарҳои махсус ба нақша гирифта шудаанд, ки ба меҳмонон имкон медиҳанд мероси фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистонро омӯзанд ва дар бораи таҷрибаи кишвар дар идоракунии захираҳои об маълумот гиранд.
Пас аз раванди оби Душанбе, ки аз 25 то 28 май баргузор мешавад, Эъломияи ниҳоӣ имзо карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0