Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский яке аз ташкилкунандагони ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи Русияро ошкор кард

© Foto / Владимир Зеленский / telegramВстреча президента США Дональда Трампа и Владимира Зеленского
Встреча президента США Дональда Трампа и Владимира Зеленского - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2026
Обуна шудан
Зеленский генерали Хадамоти амнияти Украина Килимкинро яке аз ташкилкунандагони ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи Русия номид
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Владимир Зеленский генерали Хадамоти амниятии Украина ва муовини аввали сардори Маркази амалиёти махсуси "А" Денис Килимникро яке аз ташкилкунандагони ҳамлаҳо ба Русия номид.
"Ман бо генерали бригадаи Хадамоти амниятии Украина, муовини аввали сардори Маркази амалиёти махсуси "А" Денис Килимник мулоқот кардам... Ӯ яке аз онҳое аст, ки муҳимтарин ҳамлаҳоро ташкил мекунад", - навиштааст Зеленский дар канали Telegram-и худ.
Режими Киев борҳо ба қаламрави Русия ҳамлаҳо анҷом додааст. Шаби 1 январ нерӯҳои Украина бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба як қаҳвахона ва меҳмонхона дар соҳили вилояти Херсон, ки дар он ҷо тақрибан 100 нафар барои ҷашни Соли Нав ҷамъ омада буданд, ҳамла карданд.
Губернатор Владимир Салдо изҳор дошт, ки ҷангиён қасдан одамонро сӯзонданд: онҳо се ҳавопаймои бесарнишинро партофтанд, ки яке аз онҳо бо омехтаи оташгиранда пур карда шуда буд. Тибқи гузоришҳои охирин, дар паи ин ҳамла 29 нафар кушта шудаанд. Кумитаи тафтишотӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ тафтишот оғоз кардааст.
Флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ИМА пас аз ҳамлаи террористии Украина ба Херсон изҳорот доданд
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан изҳор дошт, ки режими Киев шаби 29 декабр бо истифода аз 91 дрон ба қароргоҳи президенти Русия Владимир Путин дар вилояти Новгород ҳамлаи террористӣ анҷом дод.
Ҳамаи дронҳо аз ҷониби нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ нобуд карда шуданд ва дар бораи талафот гузорише нест.
Лентаи хабарҳо
0