Дар Тоҷикистон тасдиқи вазъи оилавӣ тариқи QR-рамз ба роҳ монда шуд

© Вазорати корҳои дохилӣНасби QR-рамз дар Душанбе
Насби QR-рамз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2026
Обуна шудан
Аз ин ва баъд, барои гирифтани ин хизматрасонӣ ҳозир шудан ба Вазорати адлияи Тоҷикистон зарурат нахоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ ба таври электронӣ ва бо истифода аз QR-рамз дастрас шуд.
Ин хизматрасонӣ аз рӯзи 5 январ дастраси шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.
Минбаъд барои гирифтани ин хизматрасонӣ ҳозир шудан ба Вазорати адлия зарурат нахоҳад дошт, гузориш медиҳад Вазорат.
Мувофиқи тартиби нав, шаҳрвандон баъди гирифтани маълумотномаи вазъи оилавӣ аз бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо метавонанд барои тасдиқи аслияти он ба сомонаи расмии Вазорати адлия ворид шуда, дар равзанаи "Маълумотнома — тасдиқи аслияти вазъи оилавӣ" маълумоти заруриро пур намоянд.
Вилу Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2025
"QR-роҳнамо": Дар Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ лоиҳаи рақамӣ таҳия мешавад
Ариза тавассути ин портал ба таври электронӣ ба вазорат ирсол мегардад.
Натиҷаи баррасии ариза ба шаҳрванд дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронӣ ё тавассути смс-паёмак ба рақами телефони мобилии дар ариза гуфташуда фиристода мешавад.
Хизматрасонӣ ройгон буда, шаҳрвандон новобаста аз он ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё берун аз он истифода намоянд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади татбиқи муқаррароти фармони президенти Тоҷикистон "Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ", инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" амалӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0