https://sputnik.tj/20260106/tijorati-eron-iiao-taqviyati-diplomasii-iqtisodi-1074364349.html
Тиҷорати Эрон бо ИИАО фурсати камназир барои тақвияти дипломасии иқтисодӣ аст
Тиҷорати Эрон бо ИИАО фурсати камназир барои тақвияти дипломасии иқтисодӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Вакили парлумони Эрон гуфт, ки тиҷорати кишвараш бо кишварҳои узви ИИАО фурсати камназир барои тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва тақвияти дипломасии иқтисодӣ аст
2026-01-06T10:26+0500
2026-01-06T10:26+0500
2026-01-06T10:26+0500
тиҷорат
ииао
авруосиё
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/10/1069049506_0:0:2560:1440_1920x0_80_0_0_e34b150b8adc855e601b397e6694f7a3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Беҳном Саидӣ вакили парлумони Эрон бо ишора ба аҳамияти тиҷорати озод Теҳрон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО), гуфт, ки иҷроӣ шудани мувофиқатномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва АвруОсиё, яке аз муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ маҳсӯб мешавад.Вай таъкид кард, ки нуқтаи муҳим тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва тақвияти дипломасии иқтисодӣ Эрон аст.Намоянаи маҷлиси шӯрои исломӣ изҳор дошт, ки тиҷорати озод бо кишварҳои узви АвруОсиё, фурсати камназире барои афзоиши содироти ғайринафтӣ, танаввуъи бахш ба бозорҳо ва коҳиши вобастагӣ ба масирҳои маҳдуди тиҷорӣ фароҳам мекунад.Вай афзуд, ки хушбахтона бо иҷроӣ шудани ин мувофиқатнома, бахши қобили таваҷҷуҳе аз колоҳои мубодилаи миёни Эрон ва кишварҳои узви ИИАО машмули коҳиш ё ҳазфи тарофаҳои гумрукӣ мешаванд, ки ин мавзуъ метавонад қудрати рақобатпазирӣ миёни тавлидкунандагони Эронӣ дар бозорҳои минтақаро афзоиш диҳад.Вай идома дод, ки барои таҳаққуқи комили манофеи ин тавофуқнома, ниёз ба ислоҳи фрояндҳои гумрукӣ ва рафъи мавонеъи банкӣ ва ҳамоҳангии бештар байни дастгоҳҳои иҷроӣ ҳастем зеро дар ғайри ин сурат, бахше аз зарфиятҳои пешбинӣ шуда билистифода хоҳад монад.Саидӣ хотирнишон кард, ки парлумони Эрон аз ҳар иқдоме, ки мунҷар ба тақвияти иқтисоди дохилӣ ва густариши равобити тиҷории пойдор бо кишварҳои минтақа шавад, ҳимоят мекунад ва дар ҳавзаи қонунгузорӣ низ, омодаи ҳамроҳӣ бо давлат барои рафъи мавонеъи пешрӯй туҷҷор ва фаъолон иқтисодӣ аст.
https://sputnik.tj/20251223/sharikii-eron-iiao-mintaqai-puriqtidor-ejod-1074044084.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/10/1069049506_320:0:2240:1440_1920x0_80_0_0_729b7882aad8cd86649382c820340f85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё. ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, вакили парлумон, тақвияти дипломасӣ
ииао, авруосиё. ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, вакили парлумон, тақвияти дипломасӣ
Тиҷорати Эрон бо ИИАО фурсати камназир барои тақвияти дипломасии иқтисодӣ аст
Вакили парлумони Эрон гуфт, ки тиҷорати кишвараш бо кишварҳои узви ИИАО фурсати камназир барои тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва тақвияти дипломасии иқтисодӣ аст
ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Беҳном Саидӣ вакили парлумони Эрон бо ишора ба аҳамияти тиҷорати озод Теҳрон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО), гуфт, ки иҷроӣ шудани мувофиқатномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва АвруОсиё, яке аз муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ маҳсӯб мешавад.
Вай таъкид кард, ки нуқтаи муҳим тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва тақвияти дипломасии иқтисодӣ Эрон аст.
Намоянаи маҷлиси шӯрои исломӣ изҳор дошт, ки тиҷорати озод бо кишварҳои узви АвруОсиё, фурсати камназире барои афзоиши содироти ғайринафтӣ, танаввуъи бахш ба бозорҳо ва коҳиши вобастагӣ ба масирҳои маҳдуди тиҷорӣ фароҳам мекунад.
Вай афзуд, ки хушбахтона бо иҷроӣ шудани ин мувофиқатнома, бахши қобили таваҷҷуҳе аз колоҳои мубодилаи миёни Эрон ва кишварҳои узви ИИАО машмули коҳиш ё ҳазфи тарофаҳои гумрукӣ мешаванд, ки ин мавзуъ метавонад қудрати рақобатпазирӣ миёни тавлидкунандагони Эронӣ дар бозорҳои минтақаро афзоиш диҳад.
Вай идома дод, ки барои таҳаққуқи комили манофеи ин тавофуқнома, ниёз ба ислоҳи фрояндҳои гумрукӣ ва рафъи мавонеъи банкӣ ва ҳамоҳангии бештар байни дастгоҳҳои иҷроӣ ҳастем зеро дар ғайри ин сурат, бахше аз зарфиятҳои пешбинӣ шуда билистифода хоҳад монад.
Саидӣ хотирнишон кард, ки парлумони Эрон аз ҳар иқдоме, ки мунҷар ба тақвияти иқтисоди дохилӣ ва густариши равобити тиҷории пойдор бо кишварҳои минтақа шавад, ҳимоят мекунад ва дар ҳавзаи қонунгузорӣ низ, омодаи ҳамроҳӣ бо давлат барои рафъи мавонеъи пешрӯй туҷҷор ва фаъолон иқтисодӣ аст.