https://sputnik.tj/20260105/mmd-kishvarhoi-iiao-afzoish-1074350861.html
ММД-и кишварҳои ИИАО дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 1,7% афзоиш ёфт
ММД-и кишварҳои ИИАО дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 1,7% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Новобаста аз соли душвор иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тамоюли мусбат нишон додааст
2026-01-05T11:21+0500
2026-01-05T11:21+0500
2026-01-05T11:21+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
сармоя
ммд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_0:105:1999:1229_1920x0_80_0_0_5ce33edcd3561f9a6a5d09b48fcbf824.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Маҷмӯи ММД-и кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 тақрибан 1,7% афзоиш ёфт.Дар ин бора Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо истинод ба маълумоти асосии макроиқтисодии иттиҳод барои моҳҳои январ-октябр хабар дод.Маҷмӯи ММД дар Арманистон 6%, дар Беларус 1,6%, дар Қазоқистон 6,3%, дар Қирғизистон 10% ва дар Русия 1% афзоиш ёфт.Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ дар ИИАО 1,3% афзоиш ёфт. Дар Арманистон он 3%, дар Беларус 1,3% коҳиш ёфт аамо дар Қазоқистон 7,3%, дар Қирғизистон 9,8% ва дар Русия дар ин давра 1% афзоиш ёфт.Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар Арманистон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 2,2% афзоиш ёфтааст, дар Арманистон 20,7% (дар Беларус 15,3%, дар Қазоқистон 13,5%, дар Қирғизистон 18,8% ва дар Русия 0,5%) афзоиш ёфтааст.Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз моҳи январ то октябр 2,9% афзоиш ёфтааст. Дар Арманистон он 6,1% афзоиш ёфт аммо дар Беларус 0,1%, дар Қазоқистон 5,4%, дар Қирғизистон 2% ва дар Русия 2,8% коҳиш ёфтааст.Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 4,5%, аз ҷумла дар Арманистон 28,3%, дар Беларус 9,5%, дар Қазоқистон 15,1%, дар Қирғизистон 28,6% ва дар Русия 3% афзоиш ёфтааст.Дар баробари афзоиши корҳои сохтмонӣ, суръати ба истифода додани манзилҳои тайёр (2%) коҳиш ёфт.Дар Арманистон тақрибан 1,9 маротиба (90%), дар Беларус 8%, дар Қазоқистон 4,5%, дар Қирғизистон 34,6% ва дар Русия 4,6% афзоиш ёфтанд.Сатҳи таварруми 12-моҳа дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ба ҳисоби миёна бо назардошти андозаи ҳар яке аз панҷ кишвар) дар моҳи октябри соли 2025 нисбат ба моҳи октябри соли 2024 8,2%, аз ҷумла дар Арманистон 3,7%, дар Беларус 6,9%, дар Қазоқистон 12,6%, дар Қирғизистон 9,3% ва дар Русия 7,7% -ро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20260102/qazoqiston-sodiroti-mahsuloti-naftiro-iiao-man-1074315786.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_112:0:1889:1333_1920x0_80_0_0_2cb846a77a586e1bda8e66ebb9f02cb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, ммд, сармоя. русия
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, ммд, сармоя. русия
ММД-и кишварҳои ИИАО дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 1,7% афзоиш ёфт
Новобаста аз соли душвор иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тамоюли мусбат нишон додааст
ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Маҷмӯи ММД-и кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 тақрибан 1,7% афзоиш ёфт.
Дар ин бора Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо истинод ба маълумоти асосии макроиқтисодии иттиҳод барои моҳҳои январ-октябр хабар дод.
Маҷмӯи ММД дар Арманистон 6%, дар Беларус 1,6%, дар Қазоқистон 6,3%, дар Қирғизистон 10% ва дар Русия 1% афзоиш ёфт.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ дар ИИАО 1,3% афзоиш ёфт. Дар Арманистон он 3%, дар Беларус 1,3% коҳиш ёфт аамо дар Қазоқистон 7,3%, дар Қирғизистон 9,8% ва дар Русия дар ин давра 1% афзоиш ёфт.
Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар Арманистон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 2,2% афзоиш ёфтааст, дар Арманистон 20,7% (дар Беларус 15,3%, дар Қазоқистон 13,5%, дар Қирғизистон 18,8% ва дар Русия 0,5%) афзоиш ёфтааст.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз моҳи январ то октябр 2,9% афзоиш ёфтааст. Дар Арманистон он 6,1% афзоиш ёфт аммо дар Беларус 0,1%, дар Қазоқистон 5,4%, дар Қирғизистон 2% ва дар Русия 2,8% коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 4,5%, аз ҷумла дар Арманистон 28,3%, дар Беларус 9,5%, дар Қазоқистон 15,1%, дар Қирғизистон 28,6% ва дар Русия 3% афзоиш ёфтааст.
Дар баробари афзоиши корҳои сохтмонӣ, суръати ба истифода додани манзилҳои тайёр (2%) коҳиш ёфт.
Дар Арманистон тақрибан 1,9 маротиба (90%), дар Беларус 8%, дар Қазоқистон 4,5%, дар Қирғизистон 34,6% ва дар Русия 4,6% афзоиш ёфтанд.
Сатҳи таварруми 12-моҳа дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ба ҳисоби миёна бо назардошти андозаи ҳар яке аз панҷ кишвар) дар моҳи октябри соли 2025 нисбат ба моҳи октябри соли 2024 8,2%, аз ҷумла дар Арманистон 3,7%, дар Беларус 6,9%, дар Қазоқистон 12,6%, дар Қирғизистон 9,3% ва дар Русия 7,7% -ро ташкил дод.