Коршинос аҳамияти таъсиси намояндагии ВКД-и Тоҷикистон дар Русияро арзёбӣ кард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкСотрудники милиции. Архивное фото
Сотрудники милиции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Қаблан президенти Русия созишномаи дар бораи кушода шудани намояндагиҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар дар ҳар ду кишвар тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Таъсиси намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия барои пешгирӣ аз як қатор мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард.
Нозири сиёсӣ ва узви раёсати созмони ғайриҳукуматии АвруОсиё Олим Ширинов ин масъаларо ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Вай изҳор дошт, ки ҳузури кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои муайян ва баъдан равшан кардани ҳама гуна ҷинояте, ки аз тарафи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия содир мешавад, мусоидат хоҳад кард.
"Вақте ки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо вайронкунандагони қонунҳои Русия муошират мекунанд, метавон аз бисёрн нозукиҳо ва ҳодисаҳо пешгирӣ кард", - бовар дорад Ширинов.
Ёдовар меавем, ки аввали моҳи октябр президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки созишномаи эҳтимолиро дар бораи кушодани намояндагиҳои вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар ҳарду кишвар тасдиқ мекунад.
Бочки с логотипом Газпромнефть - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2026
Дар Тоҷикистон садҳо ширкат бо сармояи Русия фаъолият мекунанд
Тибқи ин санад, Русия ва Тоҷикистон намояндагиҳои ниҳодҳои амниятӣ ва муҳоҷирати худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва идоракунии муҳоҷират ба таври мутақобила боз хоҳанд кард.
Масалан, Русия намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русияро дар Душанбе боз хоҳад кард. Дар иваз, Тоҷикистон дар Маскав ду намояндагӣ таъсис хоҳад дод - яке барои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигаре барои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғл.
Вазифаҳои асосии сохторҳои нав таъмини ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳоҷират хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0