https://sputnik.tj/20260104/dehoti-durdast-vmkb-barq-tamin-1074347650.html
Соли 2026 тамоми деҳоти дурдасту душворгузари ВМКБ бо барқ таъмин хоҳанд шуд
Соли 2026 тамоми деҳоти дурдасту душворгузари ВМКБ бо барқ таъмин хоҳанд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва захираҳои об мегӯяд, ки соли 2020-ум, замоне, ки лоиҳаи Электрификатсияи деҳот" оғоз шуд, дар минтақа 61 деҳа дар ВМКБ бе барқ буданд
2026-01-04T16:01+0500
2026-01-04T16:01+0500
2026-01-15T11:26+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
вмкб
манотиқи дурдаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102066/55/1020665592_0:95:3024:1796_1920x0_80_0_0_64a2990ee47d3e29a3031988df7a0ce8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон то соли 2026 ҳамаи деҳаҳо тавассути сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, оф тобӣ ва бодӣ бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэъ тимод таъмин карда мешаванд.Ба иттило вазорат дар доираи Лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот" сохтмони 44 шабакаи худмухтори хурд бо истифодаи манбаъҳои гуногуни тавлиди неруи барқ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, 30 неругоҳи офтобӣ, 13 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи бодӣ.Зикр карда шудааст, ки айни замон, бо мақсади идоракунии сарбории соатҳои авҷ дар шабакаи асосии ВМКБ ва баланд бар доштани иқтидори умумии насбшудаи система, сохтмони бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар ҳудуди вилоят (бо иқтидори 3 МВт) дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон дар назар гирифта шудааст.“Зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи офтобӣ аллакай, анҷом ёфтаанд”, - қайд кардааст вазорати энергетика.Ин ниҳоди давлатӣ зикр кардааст, ки ин ба як фалсафаи нави таъминоти неруи барқ табдил ёфтааст, ки деҳаҳои баландкӯҳ ҳоло новобаста аз дарёҳои асосӣ ё шароити обу ҳаво нерӯи барқи мустақил мегиранд.
https://sputnik.tj/20251223/vazorati-energetika-talabot-nerui-barq-afzoish-1074043735.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102066/55/1020665592_293:0:3024:2048_1920x0_80_0_0_dd1ca43930f08b0ffc6e7e74ed42d178.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқ, деҳаи дурдаст, энергетика, вмкб, бадахшон
тоҷикистон, барқ, деҳаи дурдаст, энергетика, вмкб, бадахшон
Соли 2026 тамоми деҳоти дурдасту душворгузари ВМКБ бо барқ таъмин хоҳанд шуд
16:01 04.01.2026 (Навсозишуда: 11:26 15.01.2026) Вазорати энергетика ва захираҳои об мегӯяд, ки соли 2020-ум, замоне, ки лоиҳаи Электрификатсияи деҳот" оғоз шуд, дар минтақа 61 деҳа дар ВМКБ бе барқ буданд
ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон то соли 2026 ҳамаи деҳаҳо тавассути сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, оф тобӣ ва бодӣ бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэъ тимод таъмин карда мешаванд.
Ба иттило вазорат дар доираи Лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот" сохтмони 44 шабакаи худмухтори хурд бо истифодаи манбаъҳои гуногуни тавлиди неруи барқ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, 30 неругоҳи офтобӣ, 13 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи бодӣ.
“Қисме аз ин иншоотҳо, аллакай, ба фаъолият оғоз кардаанд, қисмате дар марҳилаи сохтмон қарор доранд”, - қайд кардааст вазорат.
Зикр карда шудааст, ки айни замон, бо мақсади идоракунии сарбории соатҳои авҷ дар шабакаи асосии ВМКБ ва баланд бар доштани иқтидори умумии насбшудаи система, сохтмони бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар ҳудуди вилоят (бо иқтидори 3 МВт) дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон дар назар гирифта шудааст.
“Зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи офтобӣ аллакай, анҷом ёфтаанд”, - қайд кардааст вазорати энергетика.
Ин ниҳоди давлатӣ зикр кардааст, ки ин ба як фалсафаи нави таъминоти неруи барқ табдил ёфтааст, ки деҳаҳои баландкӯҳ ҳоло новобаста аз дарёҳои асосӣ ё шароити обу ҳаво нерӯи барқи мустақил мегиранд.