Аз Ваҳдат то Мурғоб: маълум шуд, соли 2026 кадом роҳҳои Тоҷикистон таъмир мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаАвтомобильная дорога Дехмой-Канибадам - Дехмой-Бободжон Гафуров, Бободжон Гафуров-Хистеварз и Кучкак-Канибадам
Автомобильная дорога Дехмой-Канибадам - Дехмой-Бободжон Гафуров, Бободжон Гафуров-Хистеварз и Кучкак-Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2026
Обуна шудан
Феълан, бунёди 50 км роҳи "Данғара – Гулистон", 33 километр роҳи "Гулистон – Фархор" ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд идома дорад
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар соли 2026 дар соҳаи нақлиёт, татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 млрд сомонӣ дар назар аст.
Дар ин бора, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гузориш дода, афзудааст, ки мақсад беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.
Тибқи ин тарҳҳо аз ҷумла бунёди:
50 километр роҳи "Данғара – Гулистон",
33 километр роҳи "Гулистон – Фархор",
12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Ҳамчунин, соли 2026 сохтмону навсозии 300 км роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 млрд сомонӣ оғоз мегардад:
Роҳҳои "Ваҳдат – Обигарм" 70 км,
"Гулистон – Кӯлоб" 33 км,
"Хоруғ – Роштқалъа" 39 км,
"Мурғоб – Кулма" 67 км,
"Балҷувон – Сари Хосор" 55 км,
"Хистеварз – Конибодом (Арка)" 10 км,
ва 11 км роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи "Лаби Ҷар – Сангвор" аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар баробари ин, дар соли 2026 ҷамъоварии дороиҳои роҳҳо дар саросари ҷумҳурӣ пурра ба анҷом расида, дар асоси маълумоти бадастомада шиносномадиҳии роҳҳо оғоз мегардад.
Ин маърака, ки моҳи сентябри соли 2023 шуруъ шуд, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Главы государств открыли стелу Дружбы Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2025
Соли бурду бохтҳо: Соли 2025 дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Дар маҷмуъ, дарозии умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 27 ҳаз. 243 км ташкил медиҳад, ки аз он 14 ҳаз. 314 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3 ҳаз. 384 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 ҳаз.182 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8 ҳаз. 748 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0