Бо амри президент дар Тоҷикистон се озмун бо маблағи 26,5 млн сомонӣ баргузор мегарданд

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкНеформальный саммит СНГ в Санкт-Петербурге
Неформальный саммит СНГ в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2026
Обуна шудан
Бо амри раисиҷумҳри Тоҷикистон барои баргузор кардани се озмуни ҷумҳуриявӣ аз фонди захиравии президент 26,5 млн сомонӣ ихтисос дода мешавад
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар соли 2026 дар Тоҷикистон боз озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикистон - ватани азизи ман" баргузор мешаванд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон амр дод ва дафтари матбуоти роҳбари давлат амрҳои президентро нашр намуд.
Гуфта мешавад, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мегардад.
Имсол ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи роҳбари давлат ба низомномаи озмун навгониҳо ворид гардид.
Ҳамин тавр, дар соли 2026 маблағи умумии ҷоизаҳо ва баргузории ин озмун 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои баргузории озмуни мазкур 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, 580 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, ғолибони шоҳҷоиза 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Навори паёми солинавии Эмомалӣ Раҳмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2025
Навори паёми солинавии Эмомалӣ Раҳмон
Гузашта аз ин, ҳаҷми маблағи мукофот барои озмни "Илм - фурӯғи маърифат" низ ду баробар зиёд карда шуда, аз Фонди захиравии президент 9,8 млн сомонӣ мегардад.
Ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор, дуюм 50 ҳазор ва ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 100 ҳазор сомонӣ хоҳанд гирифт.
Ҳаҷми маблағи мукофот барои озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ҳам ба 8,2 млн сомонӣ зиёд шуд. Барандагони шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70, 50 ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Раисҷумҳур барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин озмунҳо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳоро вазифадор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои баргузор намудани таваҷҷуҳи зоҳир намуданд.
Назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0