Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Олмон дар соли 2025 интиқоли силоҳ ба Украинаро чандин маротиба кам кардааст

© AP / Andriy AndriyenkoУкраинские солдаты ремонтируют танк Leopard 2 в Запорожской области. Архивное фото
Украинские солдаты ремонтируют танк Leopard 2 в Запорожской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Обуна шудан
Арзиши умумии содирот аз Берлин ба Киев тибқи шартномаҳое, ки аз ҷониби Девони Вазирони Олмон тасдиқ шудаанд, 1,14 млрд евроро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Интиқоли силоҳҳои Олмон ба Украина давоми соли 2025 ҳафт маротиба кам шудааст.
Дар ин бора, нашрияи Welt хабар додааст.
"Дар соли 2025 интиқоли силоҳ ба ин кишвар (Украина - таҳрир) ба маблағи 1,14 млрд евро тасдиқ карда шуд. Дар соли 2024 ин рақам дар сатҳи 8,15 млрд евро буд", - менависад рӯзнома бо истинод ба Вазорати иқтисоди Олмон.
Ғайр аз ин, нашрия қайд мекунад, ки содироти мудофиавии Олмон айни замон тибқи шартномаҳои қаблан тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин, Welt хабар медиҳад, ки ҳукумати Олмон фурӯши силоҳро ба кишварҳои гуногун ба маблағи 8,4 млрд евро дар давраи аз 1 январ то 8 декабри соли ҷорӣ тасдиқ кардааст.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мақомоти Русия: Украина заминҳояшро аз даст медиҳад ва дар оянда низ аз даст хоҳад дод
Ин маблағ аз маблағи рекордии 12,15 млрд евро ва 13,33 млрд евро, ки Олмон дар солҳои 2023 ва 2024 мутаносибан барои содироти силоҳ сарф кардааст, камтар аст.
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров борҳо изҳор карда буд, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Лентаи хабарҳо
0