https://sputnik.tj/20251229/hinduston-niyat-dorad-hamgiroiro-bo-ittihodiyai-iqtisodii-avruosiyo-surat-bakhshad-1074223923.html
Ҳиндустон ният дорад ҳамгироиро бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръат бахшад
Ҳиндустон ният дорад ҳамгироиро бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръат бахшад
Sputnik Тоҷикистон
Маскав ва Деҳлӣ барои омӯзиши масъалаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИИАО ва Ҳиндустон ба мувофиқа расидаанд
2025-12-29T16:27+0500
2025-12-29T16:27+0500
2025-12-29T16:27+0500
ииао
авруосиё
ҳиндустон
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/15/1070274842_48:69:3072:1770_1920x0_80_0_0_513485c104703767a9d57b50a812f275.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Сафири Ҳиндустон дар Русия Винай Кумар изҳор дошт, ки мақомоти Ҳиндустон мехоҳанд муколамаро бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) барои суръат бахшидани имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тақвият диҳанд."Музокирот моҳи ноябр оғоз ёфт ва даври аввал аллакай баргузор шудааст. Ман мегӯям, ки ҳарду ҷониб ҳадафҳои худро ба таври возеҳ дарк мекунанд ва иродаи сиёсии ноил шудан ба онҳоро доранд. Аз ин рӯ, мо умедворем, ки натиҷаҳои зуд ба даст меоянд", - гуфт Кумар.Ба гуфтаи дипломат, ҳадафи асосии Ҳиндустон бартараф кардани номутавозинии тиҷорати мутақобила бо кишварҳои ИИАО тавассути афзоиши содироти Ҳиндустон мебошад.Қайд карда мешавад, ки имзои созишнома ба соҳибкорони рус имкон медиҳад, ки ба бозори дорои аҳолии тақрибан 1,5 миллиард нафарӣ аст, дастрасии имтиёзнок пойдо намояд.Русия махсусан ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Ҳиндустон барои танавӯъи бахшии содироти худ манфиатдор аст.Марҳилаи аввали музокирот 28 ноябр дар Деҳлии Нав баргузор шуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири саноат ва тиҷорати Ҳиндустон Раҷеш Агравал гуфт, ки музокирот дар бораи имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Ҳиндустон як қадами хубест, ки ба густариши тиҷорат мусоидат мекунад."Музокирот дар бораи созишномаи тиҷорати озод бо ИИАО, ки мо ба наздикӣ ҳафтаи гузашта оғоз кардем, як қадам дар самти дуруст аст, ки имкониятҳои нави тиҷоратиро фароҳам меорад", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи Агравал, ин созишнома "пешгӯии дарозмуддати иқтисодиро дар ҳарду ҷониб, самаранокии дарозмуддат аз ҷиҳати тарифҳо ва роҳе барои бартараф кардани монеаҳои ғайритарифиро таъмин мекунад".
https://sputnik.tj/20251226/korshinos-tojikiston-imtiyoz-kishvarhoi-iiao-istifoda-1074147003.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/15/1070274842_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_de46c84703c9cad75023cfc0dac076f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, ҳамгироӣ, иқтисод
ҳиндустон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, ҳамгироӣ, иқтисод
Ҳиндустон ният дорад ҳамгироиро бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръат бахшад
Маскав ва Деҳлӣ барои омӯзиши масъалаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИИАО ва Ҳиндустон ба мувофиқа расидаанд
ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Сафири Ҳиндустон дар Русия Винай Кумар изҳор дошт, ки мақомоти Ҳиндустон мехоҳанд муколамаро бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) барои суръат бахшидани имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тақвият диҳанд.
"Музокирот моҳи ноябр оғоз ёфт ва даври аввал аллакай баргузор шудааст. Ман мегӯям, ки ҳарду ҷониб ҳадафҳои худро ба таври возеҳ дарк мекунанд ва иродаи сиёсии ноил шудан ба онҳоро доранд. Аз ин рӯ, мо умедворем, ки натиҷаҳои зуд ба даст меоянд", - гуфт Кумар.
Ба гуфтаи дипломат, ҳадафи асосии Ҳиндустон бартараф кардани номутавозинии тиҷорати мутақобила бо кишварҳои ИИАО тавассути афзоиши содироти Ҳиндустон мебошад.
Қайд карда мешавад, ки имзои созишнома ба соҳибкорони рус имкон медиҳад, ки ба бозори дорои аҳолии тақрибан 1,5 миллиард нафарӣ аст, дастрасии имтиёзнок пойдо намояд.
Русия махсусан ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Ҳиндустон барои танавӯъи бахшии содироти худ манфиатдор аст.
Марҳилаи аввали музокирот 28 ноябр дар Деҳлии Нав баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири саноат ва тиҷорати Ҳиндустон Раҷеш Агравал гуфт, ки музокирот дар бораи имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Ҳиндустон як қадами хубест, ки ба густариши тиҷорат мусоидат мекунад.
"Музокирот дар бораи созишномаи тиҷорати озод бо ИИАО, ки мо ба наздикӣ ҳафтаи гузашта оғоз кардем, як қадам дар самти дуруст аст, ки имкониятҳои нави тиҷоратиро фароҳам меорад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Агравал, ин созишнома "пешгӯии дарозмуддати иқтисодиро дар ҳарду ҷониб, самаранокии дарозмуддат аз ҷиҳати тарифҳо ва роҳе барои бартараф кардани монеаҳои ғайритарифиро таъмин мекунад".