https://sputnik.tj/20251228/osiyoi-markazi-iqtisodiyot-bartari-1074185003.html
Кадом намуди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ бартарӣ дорад?
Кадом намуди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ бартарӣ дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон кишваре бо рушди иқтисодии навъи агросаноатӣ аст ва саҳми худро дар саноат босуръат афзоиш медиҳад
2025-12-28T10:23+0500
2025-12-28T10:23+0500
2025-12-28T10:23+0500
осиёи марказӣ
саноат
ммд
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102825/76/1028257638_0:231:3072:1959_1920x0_80_0_0_ae885b28b3e14e0f4671afd9047816f9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Тоҷикистон яке аз чанд ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ боқӣ мемонад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият саноатикунонии иқтисоди худро ба пуррагӣ анҷом нарасонидааст.Барои ин, ҳукумати Тоҷикистон 10 сол аст, ки Стратегияи миллии рушдро амалӣ мекунад. Марҳилаи дуюм, ки соли 2025 ба анҷом мерасад, рушди қавии саноатиро дар кишвар, бахусус дар соҳаи истихроҷи маъданҳо ва коркарди металл, таъмин кардааст.Рушди солонаи саноати Тоҷикистон дар солҳои охир ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил додааст. Суръати афзоиши ММД-и кишвар дар соли 2025 8,4%-ро ташкил дода, ба 173 млрд сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки Рушди Авруосиё (БАОР), иқтисоди Тоҷикистон ин суръати афзоишро дар соли 2026 нигоҳ хоҳад дошт. Дар айни замон, кишоварзӣ ҳамчунон яке аз соҳаҳои пешбари иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон рушди ин соҳаро дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки гузариш ба иқтисоди саноатӣ барои кишвар авлавият дорад. Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, кишвар қасд дорад, ки саҳми бахши саноатро дар иқтисодиёт то соли 2026 то 26% ва то солҳои 2030 то 30% афзоиш диҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102825/76/1028257638_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_34535855a01b28303f0c08ac8c18fd28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, саноат, ммд, тоҷикистон,
иқтисод, саноат, ммд, тоҷикистон,
Кадом намуди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ бартарӣ дорад?
Тоҷикистон кишваре бо рушди иқтисодии навъи агросаноатӣ аст ва саҳми худро дар саноат босуръат афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Тоҷикистон яке аз чанд ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ боқӣ мемонад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият саноатикунонии иқтисоди худро ба пуррагӣ анҷом нарасонидааст.
Барои ин, ҳукумати Тоҷикистон 10 сол аст, ки Стратегияи миллии рушдро амалӣ мекунад. Марҳилаи дуюм, ки соли 2025 ба анҷом мерасад, рушди қавии саноатиро дар кишвар, бахусус дар соҳаи истихроҷи маъданҳо ва коркарди металл, таъмин кардааст.
Рушди солонаи саноати Тоҷикистон дар солҳои охир ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил додааст. Суръати афзоиши ММД-и кишвар дар соли 2025 8,4%-ро ташкил дода, ба 173 млрд сомонӣ расидааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки Рушди Авруосиё (БАОР), иқтисоди Тоҷикистон ин суръати афзоишро дар соли 2026 нигоҳ хоҳад дошт.
Дар айни замон, кишоварзӣ ҳамчунон яке аз соҳаҳои пешбари иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон рушди ин соҳаро дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки гузариш ба иқтисоди саноатӣ барои кишвар авлавият дорад.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, кишвар қасд дорад, ки саҳми бахши саноатро дар иқтисодиёт то соли 2026 то 26% ва то солҳои 2030 то 30% афзоиш диҳад.