https://sputnik.tj/20251227/safir-rusiya-tojikiston-siloh-tajhizoti-nizomi-idoma-1074169738.html
Сафир: Русия ба Тоҷикистон супурдани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро идома хоҳад дод
Сафир: Русия ба Тоҷикистон супурдани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро идома хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш шарики калидӣ дар тақвияти қобилияти дифоии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад
2025-12-27T10:21+0500
2025-12-27T10:21+0500
2025-12-27T10:21+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
низомӣ
аслиҳа
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064688037_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_df92221e0e28e25d1c9ee24e08008f96.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек - Sputnik. Русия ният дорад, ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон супурдани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро идома диҳад.Дар ин бора сафири Русия дар Душанбе Семён Григорьев дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт."Интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ барои артиши Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома хоҳад ёфт", - гуфт ӯ.Дипломат таъкид кард, ки Русия шарики калидӣ дар тақвияти қобилияти мудофиавии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.Григорьев инчунин ҷанбаҳои муҳими дигари ҳамкории дуҷонибаро қайд кард. Аз ҷумла, Русия барои Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Вазорати дифои Русия омӯзиши ройгони низомӣ пешниҳод кардааст.Унсури дигари ҳамкорӣ машқҳои мунтазами муштарак мебошанд, ки ҳар сол дар як майдони тамринӣ дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор мешаванд ва таваҷҷӯҳи амалии шарикиро ба таъмини амнияти минтақавӣ таъкид мекунад.Қаблан Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳаҷми таҷҳизоти низомиро барои Тоҷикистон тасдиқ карда буд - интиқоли эҳтимолии онҳо аз Русия, Беларус ва Қазоқистон аллакай мувофиқа шудааст.
https://sputnik.tj/20251226/safir-rusiya-sharikii-nizomi-tojikiston-amniyat-1074152091.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064688037_307:0:1747:1080_1920x0_80_0_0_3173a296fa8e1f81f1e399b7f88b3e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, низомӣ, таҷҳизот, силоҳ, қобилият дифоӣ
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, низомӣ, таҷҳизот, силоҳ, қобилият дифоӣ
Сафир: Русия ба Тоҷикистон супурдани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро идома хоҳад дод
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш шарики калидӣ дар тақвияти қобилияти дифоии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 27 дек - Sputnik. Русия ният дорад, ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон супурдани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро идома диҳад.
Дар ин бора сафири Русия дар Душанбе Семён Григорьев дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
"Интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ барои артиши Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома хоҳад ёфт", - гуфт ӯ.
Дипломат таъкид кард, ки Русия шарики калидӣ дар тақвияти қобилияти мудофиавии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.
Григорьев инчунин ҷанбаҳои муҳими дигари ҳамкории дуҷонибаро қайд кард. Аз ҷумла, Русия барои Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Вазорати дифои Русия омӯзиши ройгони низомӣ пешниҳод кардааст.
Унсури дигари ҳамкорӣ машқҳои мунтазами муштарак мебошанд, ки ҳар сол дар як майдони тамринӣ дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор мешаванд ва таваҷҷӯҳи амалии шарикиро ба таъмини амнияти минтақавӣ таъкид мекунад.
Қаблан Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳаҷми таҷҳизоти низомиро барои Тоҷикистон тасдиқ карда буд - интиқоли эҳтимолии онҳо аз Русия, Беларус ва Қазоқистон аллакай мувофиқа шудааст.