https://sputnik.tj/20251226/viloyati-sugd-sarmoya-jalb-1074143016.html
Вилояти Суғд наздик ба 840 миллион доллар сармоя ҷалб кардааст
Вилояти Суғд наздик ба 840 миллион доллар сармоя ҷалб кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилоят Суғд гуфт барои фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян анҷом дода шуд
2025-12-26T12:01+0500
2025-12-26T12:01+0500
2025-12-26T13:01+0500
дар тоҷикистон
суғд
иқтисод
сармоягузорӣ
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1a/1074142822_43:96:1238:768_1920x0_80_0_0_d56dceee70fc6232c8872c0f8b0f2010.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 836,9 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст.Дар ин бора мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳимин давраи соли гузашта 5,2 фоиз бештар мебошад.Аз ҷумла, ба иттилои манбаъ ба маблағи 631,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 205,6 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст.Ҳамчунин ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидор ба санаи 1-уми декабри соли 2025 аз аввали бақайдгирӣ 131996 адад, аз ҷумла шумораи субъектҳои соҳибкории инфиродӣ 122063 ададро ташкил намудааст.Қайд карда шудааст, ки дар вилоят аз рӯи патент 22317 нафар, шаҳодатнома 11420 нафар, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 20256 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ 68070 адад фаъолият мебаранд.Шахсони ҳуқуқӣ 9883 адад ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 50 адад ба қайд гирифта шудаанд.Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар ҷаласаи ахир барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифода аз фазои муносиби сармоягузорӣ, ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулон супоришҳо дод.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/48292
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1a/1074142822_127:0:1264:853_1920x0_80_0_0_fb5b5ff7299c78c2d418da6a24f41bf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сармоягузорӣ, ҷалб, иқтисод, суғд, дохилию хориҷӣ
тоҷикистон, сармоягузорӣ, ҷалб, иқтисод, суғд, дохилию хориҷӣ
Вилояти Суғд наздик ба 840 миллион доллар сармоя ҷалб кардааст
12:01 26.12.2025 (Навсозишуда: 13:01 26.12.2025) Раиси вилоят Суғд гуфт барои фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 836,9 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Дар ин бора мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳимин давраи соли гузашта 5,2 фоиз бештар мебошад.
Аз ҷумла, ба иттилои манбаъ ба маблағи 631,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 205,6 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст.
Ҳамчунин ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидор ба санаи 1-уми декабри соли 2025 аз аввали бақайдгирӣ 131996 адад, аз ҷумла шумораи субъектҳои соҳибкории инфиродӣ 122063 ададро ташкил намудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар вилоят аз рӯи патент 22317 нафар, шаҳодатнома 11420 нафар, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 20256 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ 68070 адад фаъолият мебаранд.
Шахсони ҳуқуқӣ 9883 адад ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 50 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар ҷаласаи ахир барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифода аз фазои муносиби сармоягузорӣ, ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулон супоришҳо дод.