https://sputnik.tj/20251226/malum-kishvarho-iiao-sozishnoma-indoneziya-sud--1074134786.html
Маълум шуд, ки кишварҳои ИИАО аз созишнома бо Индонезия чӣ суд мебинанд
Маълум шуд, ки кишварҳои ИИАО аз созишнома бо Индонезия чӣ суд мебинанд
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи дахлдор дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург ба имзо расид
2025-12-26T10:47+0500
2025-12-26T10:47+0500
2025-12-26T10:47+0500
ииао
тиҷорат
индонезия
фоида
созишнома
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1c/1062246500_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_eca37a9f7fe71d11392c0990ae739b47.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Индонезия ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як минтақаи озоди тиҷоратиро таъсис медиҳанд. Дар ин бора дар Telegram-канали Вазорати саноат ва савдои Русия хабар дода мешавад.Ин ниҳоди федеролӣ шарҳ дод, ки созишнома ба содирот чӣ гуна таъсир мерасонад.Тибқи иттилои Вазорати саноат ва савдо, созишнома ба коҳиш ва лағви минбаъдаи боҷи гумрукии воридотии Индонезия ба тақрибан 94% молҳои кишварҳои узви ИИАО мусоидат мекунад. Як қатор расмиятҳо, аз ҷумла, стандартҳои техникӣ, қоидаҳои санитарӣ, қоидаҳои муайян кардани аслияти мол низ сода карда мешаванд. Илова бар ин, созишнома гуногунрангии тиҷорат ва рушди кооператсияи саноатиро таъмин хоҳад кард. Вазорати саноат ва савдо қайд мекунад, ки дастрасии имтиёзнок ба як қатор ашёи тиҷоратӣ дода мешавад. Маҳсулоти металлӣ, нафтӣ, нуриҳои маъданӣ, полимерҳои ибтидоӣ, маҳсулоти ҷангал, техникаи бинокорӣ, навъҳои гуногуни таҷҳизот дохил мешаванд.Инчунин интизор меравад, ки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созишномаи қабулшуда ба гардиши мол байни кишварҳои ИИА ва Индонезия дар давоми се то панҷ соли оянда ду баробар афзоиш ёбад. Гузашта аз ин, ин созишнома ба таҳкими ҳузури иқтисодии Русия дар минтақа мусоидат мекунад. Санади танзимкунандаи ин созишнома 21 декабри соли 2025 дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20251224/iiao-strategiya-tijorati-khoriji-tasdiq-1074061990.html
индонезия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1c/1062246500_33:0:2764:2048_1920x0_80_0_0_9f2ede71e3fc43f309cceafd9e808daf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маълум кишварҳо ииао созишнома индонезия суд
маълум кишварҳо ииао созишнома индонезия суд
Маълум шуд, ки кишварҳои ИИАО аз созишнома бо Индонезия чӣ суд мебинанд
Созишномаи дахлдор дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Индонезия ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як минтақаи озоди тиҷоратиро таъсис медиҳанд.
Дар ин бора дар Telegram-канали Вазорати саноат ва савдои Русия хабар дода мешавад.
Ин ниҳоди федеролӣ шарҳ дод, ки созишнома ба содирот чӣ гуна таъсир мерасонад.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва савдо, созишнома ба коҳиш ва лағви минбаъдаи боҷи гумрукии воридотии Индонезия ба тақрибан 94% молҳои кишварҳои узви ИИАО мусоидат мекунад.
Як қатор расмиятҳо, аз ҷумла, стандартҳои техникӣ, қоидаҳои санитарӣ, қоидаҳои муайян кардани аслияти мол низ сода карда мешаванд.
Илова бар ин, созишнома гуногунрангии тиҷорат ва рушди кооператсияи саноатиро таъмин хоҳад кард.
Вазорати саноат ва савдо қайд мекунад, ки дастрасии имтиёзнок ба як қатор ашёи тиҷоратӣ дода мешавад.
Маҳсулоти металлӣ, нафтӣ, нуриҳои маъданӣ, полимерҳои ибтидоӣ, маҳсулоти ҷангал, техникаи бинокорӣ, навъҳои гуногуни таҷҳизот дохил мешаванд.
Инчунин интизор меравад, ки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созишномаи қабулшуда ба гардиши мол байни кишварҳои ИИА ва Индонезия дар давоми се то панҷ соли оянда ду баробар афзоиш ёбад.
Гузашта аз ин, ин созишнома ба таҳкими ҳузури иқтисодии Русия дар минтақа мусоидат мекунад. Санади танзимкунандаи ин созишнома 21 декабри соли 2025 дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург ба имзо расид.