Тиҷорати мутақобила миёни кишварҳои ИДМ дар чор сол 18% афзудааст - Лебедев

© Foto / Исполнительный комитет СНГГенеральный секретарь СНГ Сергей Лебедев
Генеральный секретарь СНГ Сергей Лебедев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи Сергей Лебедев, мизони сармоягузории мутақобила ҳамчунон баланд буда, ба ҳадди рекордӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 25 дек - Sputnik. Додугирифти мутақобила миёни кишварҳои ИДМ дар чаҳор соли охир 18% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар мусоҳиба бо хабарнигори РИА "Новости" изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки сармоягузории мутақобила ҳамчунон зиёд аст.
"Созишномаи тиҷорати озод дар соҳаи хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ, ки соли 2023 ба имзо расид, бояд дар тавсеаи минбаъдаи ин тиҷорат нақши мусбат бозад, зеро он як пуштибони муҳим барои таҳкими эътимоди сармоягузорон ба бозори ИДМ мебошад", - қайд кард Лебедев.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки то нимаи соли 2025 сармоягузории мутақобилаи ҷамъшуда миёни кишварҳои ИДМ ба рекорди 41,6 млрд доллар расидааст, ки дар тӯли 10 соли охир беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Эмблема СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2025
Путин: Дар тӯли 30 соли охир ИДМ худро ҳамчун як иттиҳодияи бонуфуз муаррифӣ кардааст
"Беҳтарин сармоягузор бешубҳа бузургтарин иқтисоди минтақа Русия аст ва афзоиши қобили мулоҳиза дар ҷараёни сармоягузорӣ ба Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама ба Қазоқистон ва Ӯзбакистон рост меояд", - тавзеҳ дод дабири кулли СММ.
Вай афзуд, ки ҳамкориҳо дар саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ натиҷаҳои мусбат бахшида истодаанд.
"Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия - он бахшҳое, ки ҳамкориҳои фаромарзӣ махсусан муҳим аст, фаъолияти бефосилаи онҳо ва татбиқи васеи иқтидори транзитиро таъмин мекунад",- гуфт Лебедев.
Лентаи хабарҳо
0