Таътили мактаббачагон дар Тоҷикистон: зимистони 2026

Обуна шудан
Мактаббачагони тоҷик то таътили зимистонаи деринтизор аллакай рӯзҳои охирро ҳисоб мекунанд. Хонандагони синфҳои 1 то 11 то 8 январ дар таътил хоҳанд буд.
Барои мактаббачагони тоҷик чоряки дуюми таҳсил ба охир мерасад.
Таътили зимистона дар саросари кишвар аз 31 декабр то 8 январ давом мекунад.
Дар ин давра хонандагони тамоми синфҳо метавонанд истироҳат кунанд ва вақтро ба сайру гашт, варзиш ва муоширату хондани асарҳои бадеӣ сарф кунанд.
Бештар дар ин бора дар инфографикаи Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Вазорати маориф ва илм самаранок истифода бурдани вақти холиро тавсия медиҳад. Ба мактаббачагон маслиҳат дода мешавад, аз китобхонаҳое, ки дар он барномаҳои махсуси таълимй мавҷуданд, дидан кунанд ва агар имкон бошад, ба машғулиятҳои беруназсинфӣ вақт ҷудо кунанд.
Таваҷҷӯҳ ба забони русӣ, саводнокии компютерӣ, математика ва табиатшиносӣ пешниҳод карда мешавад.
Бояд гуфт, ки таътили тулони солинавӣ танҳо барои муҳассилин аст. Сокинони калонсоли кишвар имсол чор рӯз истирохат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0