https://sputnik.tj/20251225/khushksoli-osiyo-markaz-metavonad-ofat-tabii-tojikiston-1074124109.html
Хушксолии Осиёи Марказӣ метавонад боиси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон шавад
Хушксолии Осиёи Марказӣ метавонад боиси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон шавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазъияти экологии Эрон, Афғонистон ва Узбекистон аз ҷиҳати назариявӣ барои ҳамсояҳояшон хавфнок мебошанд
2025-12-25T17:35+0500
2025-12-25T17:35+0500
2025-12-25T17:35+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
офати табиӣ
гармшавии иқлим
хушксолӣ
тӯфон
чангу ғубор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074118154_0:67:3121:1823_1920x0_80_0_0_0f034ba2a0ef1156a6cd5c5fe60f0a29.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Хушксолии Осиёи Марказӣ метавонад боиси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон шавад. Дар ин бора Саттор Саидов, раиси Маркази тағирёбии иқлим ва омӯзиши қабати озон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Коршинос як қатор офатҳои табииро, ки дар натиҷаи ҳаракати ғубор ба самти Тоҷикистон бар асари хушксолӣ дар Афғонистон, Эрон ва Узбекистон ба вуҷуд омада метавонанд, номбар кард.Олим аз ҷумла қайд кард, ки захираҳои мавҷудаи об кам шуда метавонанд, зеро кам шудани сарчашма обёриро душвор мегардонад. Бад шудани сифати ҳаво дар кишвар низ пешгӯӣ мешавад, ки боиси афзоиши бемориҳои роҳи нафас, бахусус дар шаҳру водиҳо мегардад. Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки эрозияи бодӣ моддаҳои органикиро коҳиш дода, киштзорҳоро олуда мекунад, ки метавонад боиси аз даст додани ҳосилхезии хок дар Тоҷикистон шавад. Гузашта аз ин, ба бовари мутахассис, ҳаракати ғубору ба таназзули экосистемаҳои кӯҳӣ ва чарогоҳҳо суръат бахшида, сарбории иқтисодии кишварро афзоиш медиҳад. Хавфи оташсӯзӣ, ярч ва мушкилот бо нерӯи обӣ низ аз ҳисоби ҷараёни ноустувор афзоиш хоҳад ёфт.Мутахассис таъкид кард, ки ҳамаи ин таъсиротро арзёбии хушксолии минтақавӣ ва гузоришҳои тӯфони қум/ғубор тасдиқ мекунанд. Қаблан Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бо нашри гузорише эълом карда буд, ки хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ Тоҷикистонро аз 5 дарсади тавлидоти кишоварзӣ маҳрум мекунанд. Гузашта аз ин, дар кишвар тӯфони чангу ғубор аз кишварҳои ҳамсоя бештар шуда, на танҳо ба соҳаи кишоварзӣ, балки ба саломатии мардум низ зиён мерасонад.
https://sputnik.tj/20251207/maqomot-tojikiston-khatar-harakat-piryakhho-1073583816.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/19/1074118154_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_815bcfa86f4d1232d1218a505d25dfd9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хушксолӣ осиёи марказӣ офат табиӣ тоҷикистон
хушксолӣ осиёи марказӣ офат табиӣ тоҷикистон
Хушксолии Осиёи Марказӣ метавонад боиси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон шавад
Вазъияти экологии Эрон, Афғонистон ва Узбекистон аз ҷиҳати назариявӣ барои ҳамсояҳояшон хавфнок мебошанд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Хушксолии Осиёи Марказӣ метавонад боиси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон шавад.
Дар ин бора Саттор Саидов, раиси Маркази тағирёбии иқлим ва омӯзиши қабати озон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Коршинос як қатор офатҳои табииро, ки дар натиҷаи ҳаракати ғубор ба самти Тоҷикистон бар асари хушксолӣ дар Афғонистон, Эрон ва Узбекистон ба вуҷуд омада метавонанд, номбар кард.
Олим аз ҷумла қайд кард, ки захираҳои мавҷудаи об кам шуда метавонанд, зеро кам шудани сарчашма обёриро душвор мегардонад.
Бад шудани сифати ҳаво дар кишвар низ пешгӯӣ мешавад, ки боиси афзоиши бемориҳои роҳи нафас, бахусус дар шаҳру водиҳо мегардад.
Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки эрозияи бодӣ моддаҳои органикиро коҳиш дода, киштзорҳоро олуда мекунад, ки метавонад боиси аз даст додани ҳосилхезии хок дар Тоҷикистон шавад.
Гузашта аз ин, ба бовари мутахассис, ҳаракати ғубору ба таназзули экосистемаҳои кӯҳӣ ва чарогоҳҳо суръат бахшида, сарбории иқтисодии кишварро афзоиш медиҳад.
Хавфи оташсӯзӣ, ярч ва мушкилот бо нерӯи обӣ низ аз ҳисоби ҷараёни ноустувор афзоиш хоҳад ёфт.
Мутахассис таъкид кард, ки ҳамаи ин таъсиротро арзёбии хушксолии минтақавӣ ва гузоришҳои тӯфони қум/ғубор тасдиқ мекунанд.
Қаблан Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бо нашри гузорише эълом карда буд, ки хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ Тоҷикистонро аз 5 дарсади тавлидоти кишоварзӣ маҳрум мекунанд.
Гузашта аз ин, дар кишвар тӯфони чангу ғубор аз кишварҳои ҳамсоя бештар шуда, на танҳо ба соҳаи кишоварзӣ, балки ба саломатии мардум низ зиён мерасонад.