Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Украина аз бадтарин зимистон баъд аз оғози низоъ гуфтанд

© AP / Dan BashakovПара стоит на мосту в Киеве, Украина, понедельник, 1 декабря 2025 года.
Пара стоит на мосту в Киеве, Украина, понедельник, 1 декабря 2025 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2025
Обуна шудан
Вазорати энергетикаи Украина изҳор дошт, ки тақрибан 400 ҳазор истифодабаранда дар кишвар ҳар рӯз бе барқ мемонанд
ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Украина бо бӯҳрони бесобиқаи энергетикӣ рӯбарӯ аст ва имсол метавонад бадтарин зимистонро аз замони оғози низоъ сипарӣ намояд.
Инро Максим Тимченко, директори генералии холдинги энергетикии Украина DTEK, дар мусоҳиба бо Wall Street Journal изҳор дошт.
"Украинагиҳо бо бӯҳрони бесобиқаи энергетикӣ рӯбарӯ ҳастанд... Ман метарсам, ки ин бадтарин зимистон (аз оғози низоъ) хоҳад буд", - гуфт Тимченко.
Қаблан Вазорати энергетикаи Украина изҳор дошт, ки тақрибан 400 ҳазор муштарӣ дар кишвар ҳар рӯз бе барқ ​​​​мемонанд.
Заместитель председателя Совета Безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев гуфт чаро Киев аз афкори бародарӣ бо Маскав даст кашид
Рӯзи 26 октябр, коршинос ва роҳбари Маркази технологияҳои радио Сергей Бескрестнов дар бораи зимистони душворе бо ҳарорати аз 5 то 10 зери сфир дараҷа дар хонаҳо ва қатъи зуд-зуди барқ ​​​​хушдор дод.
Ӯ ба сокинони Киев маслиҳат дод, ки зимистонро дар хонаҳои деҳотӣ, ки бо оташдон таъминанд, сипарӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0