https://sputnik.tj/20251224/ruznomai-guardian-artishi-ukraina-qobiliyati-hamla-1074101996.html
Рӯзномаи Guardian менависад, ки артиши Украина қобилияти ҳамлаи ногаҳониро аз даст додааст
Рӯзномаи Guardian менависад, ки артиши Украина қобилияти ҳамлаи ногаҳониро аз даст додааст
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи Guardian менависад, ки артиши Украина пас аз минтақаи Курск қобилияти ҳамлаи ногаҳониро ба тарафи артиши Русия аз даст доданд
2025-12-24T20:19+0500
2025-12-24T20:19+0500
2025-12-24T20:19+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
амалиёт
артиш
русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/18/1074106107_0:0:3093:1740_1920x0_80_0_0_b1e527cb2b0e0a4bfcce1368606080be.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Рӯзномаи " Guardian " хабар медиҳад, ки пас аз ҳамла ба минтақаи Курск, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина қобилияти худро дар ҳамлаҳои нагоҳонӣ аз даст додаанд.Рӯзнома қайд мекунад, ки баъзе украиниҳо нигаронанд, ки ду соли амалиёти нокомшудаи низомӣ, аз ҷумла ҳамла ба минтақаи Курск, боиси заъфи стратегӣ барои нерӯҳои Украина шудааст."Ба назар мерасад, ки Украина пас аз минтақаи Курск қобилияти ҳамлаи ногаҳониро надорад", - навиштааст манбаъ.Субҳи барвақти 6 августи соли 2024, воҳидҳои артиши Украина барои забт кардани қаламрав ба минтақаи Курск ҳамла карданд, аммо пешрафти онҳо боздошта шуд. 26 апрели соли 2025, сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи анҷоми амалиёти озод кардани минтақаи Курск гузориш дод.Дар моҳи декабри соли 2025, генерал Герасимов изҳор дошт, ки талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар Курск аз 76 000 сарбоз зиёдтар аст.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251224/medvedev-kiev-afkori-barodari-maskav-1074085561.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/18/1074106107_296:0:3027:2048_1920x0_80_0_0_9b08010ee0c2e9d258ec1ac3e2032326.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш, украина, амалиёти вижа, ҳамлаи ногаҳонӣ, артиш, русия
артиш, украина, амалиёти вижа, ҳамлаи ногаҳонӣ, артиш, русия
Рӯзномаи Guardian менависад, ки артиши Украина қобилияти ҳамлаи ногаҳониро аз даст додааст
Нашрияи Guardian менависад, ки артиши Украина пас аз минтақаи Курск қобилияти ҳамлаи ногаҳониро ба тарафи артиши Русия аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Рӯзномаи " Guardian " хабар медиҳад, ки пас аз ҳамла ба минтақаи Курск, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина қобилияти худро дар ҳамлаҳои нагоҳонӣ аз даст додаанд.
Рӯзнома қайд мекунад, ки баъзе украиниҳо нигаронанд, ки ду соли амалиёти нокомшудаи низомӣ, аз ҷумла ҳамла ба минтақаи Курск, боиси заъфи стратегӣ барои нерӯҳои Украина шудааст.
"Ба назар мерасад, ки Украина пас аз минтақаи Курск қобилияти ҳамлаи ногаҳониро надорад", - навиштааст манбаъ.
Субҳи барвақти 6 августи соли 2024, воҳидҳои артиши Украина барои забт кардани қаламрав ба минтақаи Курск ҳамла карданд, аммо пешрафти онҳо боздошта шуд. 26 апрели соли 2025, сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи анҷоми амалиёти озод кардани минтақаи Курск гузориш дод.
Дар моҳи декабри соли 2025, генерал Герасимов изҳор дошт, ки талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар Курск аз 76 000 сарбоз зиёдтар аст.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.