https://sputnik.tj/20251224/peskov-ima-mavqei-rusiya-halli-nizo-ukraina-1074093658.html
Песков изҳор дошт, ки ИМА аз мавқеи Русия дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина огоҳ аст
Песков изҳор дошт, ки ИМА аз мавқеи Русия дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина огоҳ аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки мавқеи Русия дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина ба ИМА маълум аст
2025-12-24T19:19+0500
2025-12-24T19:19+0500
2025-12-24T19:19+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
владимир путин
амалиёти вижа
песков
низоъ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/18/1074097312_0:46:3012:1740_1920x0_80_0_0_3f9780bb5e7f5b560ac9e5fce97664ad.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки ҳамаи параметрҳои калидии мавқеи Русия дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина ба Иёлоти Муттаҳида хуб маълуманд.Хабарнигорон аз ӯ суол карданд, ки онҳо ба изҳороти ахири намояндаи доимии Вашингтон дар НАТО Мэттью Уиттакер, ки дар он гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида дар музокирот бо Маскав мехоҳад ҳадди аксар дараҷаеро, ки Русия барои ҳалли низои Украина омода аст, дарк кунад, чӣ гуна менигаранд."Ҳамаи параметрҳои калидии мавқеи Русия ба ҳамкорони мо дар Иёлоти Муттаҳида хуб маълуманд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Оқои Песков, таъкид кард, ки Маскав дар ояндаи наздик тавассути каналҳои мавҷуда бо Вашингтон тамос хоҳад гирифт.Бояд қайд кард, ки Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон ахиран гуфта буд, ки сарфи назар аз мухолифати Аврупо музокироти сулҳ дар Украина метавонад бо қатъи низоъ анҷом ёбад.Дар охири моҳи ноябр, Кохи Сафед таҳияи ташаббуси сулҳро барои хотима додан ба низоъ дар Украина эълон кард. Фиристодаи президенти ИМА Стивен Уиткофф ва домоди Доналд Трамп Ҷаред Кушнер барои муҳокимаи ин масъала ба Маскав сафар карданд. Владимир Путин онҳоро 2 декабр дар Кремл қабул кард. Мулоқот қариб панҷ соат давом кард.Ба гуфтаи Путин, ҷониби Амрико 27 бандро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Вай гуфт, ки қариб ҳар яки онҳоро баррасӣ кардааст ва масъалаҳое буданд, ки Маскав бо онҳо розӣ набуд.
https://sputnik.tj/20251222/peskov-putin-ishtirokchiyon-amaliyot-vizhai-nizomi-1074029448.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/18/1074097312_236:0:2967:2048_1920x0_80_0_0_f6fa19ef2cffae03d8ee306100e82be8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, песков, има, мавқеъ, амалиёти виаж, ҳалли низоъ
украина, русия, песков, има, мавқеъ, амалиёти виаж, ҳалли низоъ
Песков изҳор дошт, ки ИМА аз мавқеи Русия дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина огоҳ аст
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки мавқеи Русия дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина ба ИМА маълум аст
ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки ҳамаи параметрҳои калидии мавқеи Русия дар мавриди ҳалли низоъ дар Украина ба Иёлоти Муттаҳида хуб маълуманд.
Хабарнигорон аз ӯ суол карданд, ки онҳо ба изҳороти ахири намояндаи доимии Вашингтон дар НАТО Мэттью Уиттакер, ки дар он гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида дар музокирот бо Маскав мехоҳад ҳадди аксар дараҷаеро, ки Русия барои ҳалли низои Украина омода аст, дарк кунад, чӣ гуна менигаранд.
"Ҳамаи параметрҳои калидии мавқеи Русия ба ҳамкорони мо дар Иёлоти Муттаҳида хуб маълуманд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Оқои Песков, таъкид кард, ки Маскав дар ояндаи наздик тавассути каналҳои мавҷуда бо Вашингтон тамос хоҳад гирифт.
"Мо айни замон кор карда истодаем, ки мавқеи ояндаи худро дар асоси маълумоти гирифтаи сарвари давлат таҳия кунем ва тамосҳои худро дар ояндаи наздик тавассути каналҳои мавҷудае, ки айни замон фаъоланд, идома диҳем", - гуфт Песков.
Бояд қайд кард, ки Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон ахиран гуфта буд, ки сарфи назар аз мухолифати Аврупо музокироти сулҳ дар Украина метавонад бо қатъи низоъ анҷом ёбад.
Дар охири моҳи ноябр, Кохи Сафед таҳияи ташаббуси сулҳро барои хотима додан ба низоъ дар Украина эълон кард. Фиристодаи президенти ИМА Стивен Уиткофф ва домоди Доналд Трамп Ҷаред Кушнер барои муҳокимаи ин масъала ба Маскав сафар карданд. Владимир Путин онҳоро 2 декабр дар Кремл қабул кард. Мулоқот қариб панҷ соат давом кард.
Ба гуфтаи Путин, ҷониби Амрико 27 бандро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Вай гуфт, ки қариб ҳар яки онҳоро баррасӣ кардааст ва масъалаҳое буданд, ки Маскав бо онҳо розӣ набуд.