https://sputnik.tj/20251224/didor-rahimzoda-rodon-tojikiston-eron-yakjo-zidd-tahdid-jinoyot-muboriza-1074069646.html
Дидори Раҳимзода бо Родон: Тоҷикистону Эрон якҷо зидди таҳдиду ҷиноёт мубориза мебаранд
Дидори Раҳимзода бо Родон: Тоҷикистону Эрон якҷо зидди таҳдиду ҷиноёт мубориза мебаранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо бар зарурати иқдоми муштарак барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шуданд
2025-12-24T09:30+0500
2025-12-24T09:30+0500
2025-12-24T09:30+0500
дар тоҷикистон
эрон
рамазон раҳимзода
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/17/1074068716_0:84:1600:984_1920x0_80_0_0_ca36be9a4e948c1c09a60efa789b687d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Эрон қарор аст, ки ҳамкориҳо бештар тақвият диҳанд.Ин масъала дар дидори Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмадризо Родон, ки дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шудааст.Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иборат буд. Дар мулоқот зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, иқдомҳои муштарак андешида шаванд. Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Маврид ба зикр аст, ки миёни Душанбе ва Теҳрон коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои амниятӣ ва интизомӣ вуҷуд дорад.Ин дар ростои таҳкими равобити амниятӣ ва интизомии ду кишвару табодули таҷрибиёт дар заминаи муқобила бо чолишҳои муштарак роҳандозӣ шуда, нишастҳое дар кишварҳо доир мекунад.
https://sputnik.tj/20250520/safari-muovini-amniyati-intizomii-eron-tojikiston-1067394174.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/17/1074068716_90:0:1511:1066_1920x0_80_0_0_81536fc92a1b18829357ba4b380949ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дидор раҳимзода родон тоҷикистон эрон таҳдид ҷиноёт мубориза
дидор раҳимзода родон тоҷикистон эрон таҳдид ҷиноёт мубориза
Дидори Раҳимзода бо Родон: Тоҷикистону Эрон якҷо зидди таҳдиду ҷиноёт мубориза мебаранд
Ҷонибҳо бар зарурати иқдоми муштарак барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шуданд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Эрон қарор аст, ки ҳамкориҳо бештар тақвият диҳанд.
Ин масъала дар дидори Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмадризо Родон, ки дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иборат буд.
"Ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ибрози андеша намуданд",- афзудааст дафтари матбуоти ВКД.
Дар мулоқот зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, иқдомҳои муштарак андешида шаванд.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки миёни Душанбе ва Теҳрон коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои амниятӣ ва интизомӣ вуҷуд дорад.
Ин дар ростои таҳкими равобити амниятӣ ва интизомии ду кишвару табодули таҷрибиёт дар заминаи муқобила бо чолишҳои муштарак роҳандозӣ шуда, нишастҳое дар кишварҳо доир мекунад.