https://sputnik.tj/20251223/vao-silohho-gharb-ukraina-nopadid-1074057940.html
ВАО: Бисёре аз силоҳҳои ғарбӣ дар Украина нопадид мешаванд
ВАО: Бисёре аз силоҳҳои ғарбӣ дар Украина нопадид мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Таҷҳизоти гаронбаҳо бо дастгоҳҳои пайгирикунанда муҷаҳҳаз аст, аммо силоҳҳои тирандозӣ бе назорат боқӣ мемонанд
2025-12-23T16:55+0500
2025-12-23T16:55+0500
2025-12-23T16:55+0500
вао
ғарб
аслиҳа
украина
нопадид
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/19/1063344110_0:142:3138:1907_1920x0_80_0_0_ec2a5f6b846a03010fbf9c6211fd5d6f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бисёре аз аслиҳаҳое, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина интиқол додаанд, фавран пас аз расидан ба макони таъиншуда "аз радарҳо нопадид мешаванд", менависад рӯзномаи фаронсавии Parisien.Ба навиштаи нашрия, мушкилот дар пайгирии ин гуна таъминот дар пасманзари тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои додани қарз ба Киев ба маблағи 90 млрд евро суолҳоро ба вуҷуд меорад. Аввали моҳи июни соли 2024 созмони ғайридавлатии Швейтсария Ташаббуси Глобалии зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ (GI-TOC) гузориш дода буд, ки аз моҳи феврали соли 2022 тақрибан 600 000 силоҳи ба Киев интиқолёфта гум ё дуздида шудааст.Нашрия қайд мекунад, ки баъзе яроқи дорои қувваи бузурги харобиовар дар бордони мошин ҷойгир мешавад, бинобар ин дигар кардани масири онҳо тамоман имконнопазир нест.Parisien ёдовар шуда, ки ҳатто пеш аз амалиёти вижаи Русия, Украина аллакай ҳамчун маркази қочоқи силоҳи ғайриқонунӣ обрӯ дошт.Таҳлилгари геополитикӣ Улрик Буна ба рӯзнома гуфтааст, ки сарбозон аксар вақт бо силоҳ мераванд ва маҷбур мешаванд бо баҳонаи талафоти эҳтимолӣ онҳоро фурӯшанд. Баъзе фармондеҳони низомӣ низ шумораи сарбозонро барои ба даст овардани силоҳи бештар барзиёд нишон медищанд, ки баъзеи онҳо баъдан ба ҷои дигар равона карда мешаванд.Дастгоҳҳои пайгирӣ дар таҷҳизоти гаронбаҳо насб карда шудаанд, аммо барои силоҳи тирандозӣ ин гуна чораҳо дида намешаванд.Шабакаи CNN қаблан бо такя ба гузориши нозири генералии Пентагон хабар дода буд, ки баъзе силоҳҳои ғарбӣ ба Украина фиристода шуда рабуда мешаванд. Гуфта мешавад, ки баъзе аслиҳа ва таҷҳизоти ғарбӣ, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пешбинӣ шуда буданд, аз ҷониби ҷинояткорон, ҷангиёни ихтиёрӣ ва фурӯшандагони аслиҳа дуздида шудаанд. Моҳи октябр вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки дар Украина ним миллион аслиҳа аз ҷониби "дуздонҳои майда" рабуда шудааст ва фурӯши дубораи аслиҳаи хориҷӣ ба миқёси васеъ сурат мегирад. Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ аз оғози амалиёти вижаи Русия режими Киевро бо аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизот таъмин мекунанд. Маскав борҳо аз таъсири манфии чунин амалҳо ҳушдор додааст.
https://sputnik.tj/20251216/ryabkov-rusiya-neruhoi-nato-ukraina-1073854969.html
ғарб
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/19/1063344110_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_563c50d26ff4880f86fef7c9c9c9348f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао силоҳҳо ғарбӣ украина нопадид
вао силоҳҳо ғарбӣ украина нопадид
ВАО: Бисёре аз силоҳҳои ғарбӣ дар Украина нопадид мешаванд
Таҷҳизоти гаронбаҳо бо дастгоҳҳои пайгирикунанда муҷаҳҳаз аст, аммо силоҳҳои тирандозӣ бе назорат боқӣ мемонанд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бисёре аз аслиҳаҳое, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина интиқол додаанд, фавран пас аз расидан ба макони таъиншуда "аз радарҳо нопадид мешаванд", менависад рӯзномаи фаронсавии Parisien.
Ба навиштаи нашрия, мушкилот дар пайгирии ин гуна таъминот дар пасманзари тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои додани қарз ба Киев ба маблағи 90 млрд евро суолҳоро ба вуҷуд меорад.
Аввали моҳи июни соли 2024 созмони ғайридавлатии Швейтсария Ташаббуси Глобалии зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ (GI-TOC) гузориш дода буд, ки аз моҳи феврали соли 2022 тақрибан 600 000 силоҳи ба Киев интиқолёфта гум ё дуздида шудааст.
"Дар ҳоле ки аксарияти кулли таҷҳизоте, ки ба Киев интиқол дода мешавад, дар талошҳои низомӣ саҳми арзанда мегузорад, аммо бисёре аз интиқолҳо ҳангоми расидан ба макони таъиншуда аз радарҳо нопадид мешаванд", - гуфта мешавад дар мақола.
Нашрия қайд мекунад, ки баъзе яроқи дорои қувваи бузурги харобиовар дар бордони мошин ҷойгир мешавад, бинобар ин дигар кардани масири онҳо тамоман имконнопазир нест.
Parisien ёдовар шуда, ки ҳатто пеш аз амалиёти вижаи Русия, Украина аллакай ҳамчун маркази қочоқи силоҳи ғайриқонунӣ обрӯ дошт.
Таҳлилгари геополитикӣ Улрик Буна ба рӯзнома гуфтааст, ки сарбозон аксар вақт бо силоҳ мераванд ва маҷбур мешаванд бо баҳонаи талафоти эҳтимолӣ онҳоро фурӯшанд. Баъзе фармондеҳони низомӣ низ шумораи сарбозонро барои ба даст овардани силоҳи бештар барзиёд нишон медищанд, ки баъзеи онҳо баъдан ба ҷои дигар равона карда мешаванд.
Дастгоҳҳои пайгирӣ дар таҷҳизоти гаронбаҳо насб карда шудаанд, аммо барои силоҳи тирандозӣ ин гуна чораҳо дида намешаванд.
Шабакаи CNN қаблан бо такя ба гузориши нозири генералии Пентагон хабар дода буд, ки баъзе силоҳҳои ғарбӣ ба Украина фиристода шуда рабуда мешаванд. Гуфта мешавад, ки баъзе аслиҳа ва таҷҳизоти ғарбӣ, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пешбинӣ шуда буданд, аз ҷониби ҷинояткорон, ҷангиёни ихтиёрӣ ва фурӯшандагони аслиҳа дуздида шудаанд.
Моҳи октябр вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки дар Украина ним миллион аслиҳа аз ҷониби "дуздонҳои майда" рабуда шудааст ва фурӯши дубораи аслиҳаи хориҷӣ ба миқёси васеъ сурат мегирад.
Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ аз оғози амалиёти вижаи Русия режими Киевро бо аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизот таъмин мекунанд. Маскав борҳо аз таъсири манфии чунин амалҳо ҳушдор додааст.