Туман дар Тоҷикистон боиси таъхири парвозҳо шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2025
Обуна шудан
Ҳавосанҷон ҳушдор медиҳанд, ки то фардо шабона ва саҳаргоҳон бадшавии дурии биниш то 50-200 метр дар назар буда, яхбандӣ ва қирав дар роҳҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Душанбе ва минтақаҳои атрофи онро тумани ғафс фаро гирифта ва ҳатто боиси таъхири парвозҳо шудааст.
Парвозҳо аз ва ба Урумчӣ, Маскав Истанбул, Дубай, Минералние Води, Екатеринбург, Самара, Қазон ва Алмаато ба таъхир афтодаанд.
Парвозҳое, ки баъди соати 14:30 бо вақти Душанбе дар назаранд, тибқи реҷа амалӣ хоҳанд шуд, зикр шудааст, дар онлайн табло. Истисно танҳо парвоз ба Жуковский, ки ба таъхир меафтад.
Дар ҳамин ҳол Оҷонси ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 23-24 декабр дар ҳудуди шаҳри Душанбе, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон фаромадани тормеғ, зуҳуроти яхбандӣ ва қирав боқӣ мемонад.
Вақтҳои шабона ва саҳаргоҳон бадшавии дурии биниш то 50-200 метр дар назар буда, ба амал омадани яхбандӣ ва қирав дар роҳҳои автомобилгарди кӯҳӣ пешгӯӣ мешавад.
"Ин ҳодисаҳои табиӣ метавонанд ба мураккабшавии вазъи роҳҳои автомобилгард, афзоиши хатари садамаҳои нақлиётӣ оварда расонанд",- афзудааст манбаъ.
Ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия мешавад, ки меъёри суръатро риоя намуда, масофаи байни ҳаракати мошинҳоро зиёд намуда, чароғҳои наздикро истифода баранд.
Ба масъулини соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки омодагии қувва ва воситаҳоро таъмин намуда, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва кори мунтаззами иншооти инфрасохторӣ чораҷӯӣ намоянд.
Рӯзи 24 декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб ва баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳӯрӣ сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0