Бобои барфӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

© SputnikЗаглушка к инфографике - Как выглядит Дед Мороз в Таджикистане
Заглушка к инфографике - Как выглядит Дед Мороз в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2025
Обуна шудан
Одамон дар тамоми ҷаҳон ба Бобои Барфӣ бовар мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар кишварҳои гуногун, ӯ бо номҳои гуногун ёд мешавад
Дед Мороз, Аяз Ата, Шахта Баба, Метс Папук, Корбобо, Мош Кречун, Товлис Бабуа – чунин ном доранд, ҳамтоёни бобои барфӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ.
Дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо ӯро бо унвони Санта Клаус мешиносанд.
Дар Тоҷикистон рамзи Соли нав Бобои Барфӣ аст. Ӯ ҳам ёрдамчӣ дорад, наберааш Барфак. Вай ба бобо дар тақсим кардани тӯҳфаҳо ба кӯдакон кӯмак мекунад. Охир, дар Тоҷикистон низ кӯдакон ҳам мисли дигарон бесаброна туҳфаҳои солинавии худро интизоранд!
Бобои Барфӣ инчунин хонаи худро дорад, ки чанд сол пеш дар истироҳатгоҳи “Сафед-Дара” дар шакли бинои махсус орододашуда пайдо шуд. Зеро дар ин минтақа дар тамоми фасли сол бар ҳаст.
© SputnikБобои Барфӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Бобои Барфӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2025
Бобои Барфии тоҷик низ, чун ҳамтои русаш, риши сафеди ғафс ва мӯйи сафед дорад. Мӯйлабаш низ сафеду барҷаста аст.
Ҳанӯз як моҳ қабл аз соли нави мелодӣ кӯдакон дар Тоҷикистон ба навиштан ва ирсоли номаҳо ба Бобои Барфӣ бо табрику таманно ва қиссаҳо дар бораи ҳаводиси соли гузашта шурӯъ мекунанд.
Бобои тоҷик чапони кабуди рӯшан дорад, ки албатта гарм мебошад. Онро аз миён бо рӯймоли зардӯзишуда баста, дар сар тоқӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон соли нав ду маротиба таҷлил мешавад. Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз, 21 март ҷашн гирифта мешавад. Гузашта аз ин, дар кишвар дар фасли баҳор истироҳати тӯлонӣ доранд, дар ҳоле ки дар зимистон танҳо як рӯзи истироҳат вуҷуд дорад — 1 январ.
Лентаи хабарҳо
0