https://sputnik.tj/20251222/sankt-peterburg-rahmon-jabborov-mirziyoev-joiza-1074004855.html
Дар Санкт-Петербург ба Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев ҷоизаи сулҳ доданд
Дар Санкт-Петербург ба Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев ҷоизаи сулҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар пойтахти шимолии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ҷоизаи сулҳ супурда мешавад
2025-12-22T09:36+0500
2025-12-22T09:36+0500
2025-12-22T09:36+0500
дар тоҷикистон
ҷоиза
русия
раҳмон
содир ҷабборов
шавкат мирзиёев
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/16/1074010074_0:126:2819:1712_1920x0_80_0_0_9a14f447b7a439c3300a27017c17cd66.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.Дар вазъияти тантанавӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.Моҳи сентябри соли равон бо қарори ҳайати доварони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ҷоиза ба Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дода шуд.Тавре кумитаи тадорукоти ҷоиза зикр кард, раҳбарони се кишвар барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ин ҷоизаи фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.Онҳо ёдовар шуданд, ки рӯзи 31 март миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишварро ба имзо расониданд ва расмиёти ҳуқуқии сарҳадҳои умумиро пурра анҷом доданд.“Онҳо дар таъмини амнияти умумӣ ва баробар бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва ҳамкории байни халқҳо саҳми арзанда гузоштанд”, - қайд кардаанд дар кумитаи тадорукоти ҷоиза.Бояд қайд кард, раисҷумҳури Тоҷикистон 21 декабр бо як сафари корӣ ва иштирок дар ҷаласаи ғайрирасмии ИДМ озими шаҳри Санкт-Петербург шуд.
https://sputnik.tj/20250806/emomali-rahmon-joizai-lev-tolstoy-1069783154.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/16/1074010074_23:0:2754:2048_1920x0_80_0_0_1da8574aea7fec512e0962e799ced90d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узбекистон, қирғизистон, раҳмон, ҷоиза, санкт-петербург, русия,
тоҷикистон, узбекистон, қирғизистон, раҳмон, ҷоиза, санкт-петербург, русия,
Дар Санкт-Петербург ба Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев ҷоизаи сулҳ доданд
Ба роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург ҷоизаи сулҳ супурда шуд
ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.
Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.
Моҳи сентябри соли равон бо қарори ҳайати доварони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ҷоиза ба Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дода шуд.
Тавре кумитаи тадорукоти ҷоиза зикр кард, раҳбарони се кишвар барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ин ҷоизаи фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.
Онҳо ёдовар шуданд, ки рӯзи 31 март миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишварро ба имзо расониданд ва расмиёти ҳуқуқии сарҳадҳои умумиро пурра анҷом доданд.
“Онҳо дар таъмини амнияти умумӣ ва баробар бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва ҳамкории байни халқҳо саҳми арзанда гузоштанд”, - қайд кардаанд дар кумитаи тадорукоти ҷоиза.
Бояд қайд кард, раисҷумҳури Тоҷикистон 21 декабр бо як сафари корӣ ва иштирок дар ҷаласаи ғайрирасмии ИДМ озими шаҳри Санкт-Петербург шуд.