https://sputnik.tj/20251220/urguti-uzbekiston-markazi-hamkorii-iqtisodi-tojikiston-1073971874.html
Ноҳияи Ургути Узбекистон ба маркази ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт
Ноҳияи Ургути Узбекистон ба маркази ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи таъсиси марказҳои тиҷоратӣ, логистикӣ ва тиббӣ дар марзи Узбекистон ва Тоҷикистон ба роҳбари Дастгоҳи Президент Саида Мирзиёева муаррифӣ шуд
2025-12-20T10:21+0500
2025-12-20T10:21+0500
2025-12-20T10:21+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
самарқанд
ҳамкорӣ
ҳамкорӣ
марказ
логистика
тиҷорат
самарқанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_0:132:1280:852_1920x0_80_0_0_9694ee279844b3a17701e8fc0eb04c82.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Дар марзи Узбекистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд марказҳои тиҷоратӣ, логистикӣ ва тиббӣ сохта мешавад.Тавре сомонаи upl.uz дар истинод ба дафтари раисҷумҳури Узбекистон хабар додааст, ин ташаббус ба тағйири куллии мақоми минтақаи марзӣ ва табдил додани он аз як долони транзитӣ ба маркази пуриқтидори фаъолияти иқтисодии минтақавӣ нигаронида шудааст.Дастрасӣ ба ин иншоот тавассути хатти роҳи оҳани ба наздикӣ сохташуда, ки Самарқандро бо Ургут мепайвандад, таъмин карда мешавадИн шоҳроҳ ҳамчун пояи стратегӣ барои густариши минтақаи озоди иқтисодӣ ба назар мерасад, ки хароҷоти нақлиётро барои бахши хусусӣ ба таври назаррас кам мекунад ва логистикаи мусофиронро содда мегардонад.Лоиҳа сохтмони терминали муосири логистикиро бо иқтидори интиқоли то 100 мошини боркаш дар як рӯз дар бар мегирад.Таваҷҷӯҳи махсус ба ислоҳоти маъмурӣ дар минтақаи назоратӣ зоҳир карда мешавад: механизмҳо барои аз байн бурдани пурраи девонсолорӣ (бюрократия) ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва суръат бахшидани тасдиқи ҳуҷҷатҳо ҷорӣ карда мешаванд.Ҳамчунин дар ин ҷо лоиҳа сохтмони маркази ташхиси тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Иншооти 2 миллион долларӣ дар 0,8 гектар сохта мешвад. Дар назар аст, ки ин муассисаи тиббӣ ҳар рӯз аз 150 то 200 беморро қабул кунад ва доираи васеи ташхисҳои лабораторӣ, аз ҷумла ҳама намуди ташхисҳои хунро ба роҳ монад. Анҷоми сохтмон барои соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.Қисмати чаканаи маҷмаа тақрибан 800 соҳибкорро бо ҷойҳои корӣ таъмин хоҳад кард. Яке аз хусусиятҳои асосии ин минтақа тартиби соддакардашуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд.Мақомоти Узбекистон қайд кардааст, ки меҳмонон аз Тоҷикистон метавонанд бидуни зарурати гузаштан аз назорати стандартии шиноснома ва интизориҳои тӯлонӣ дар навбатҳо аз хизматрасонии тиббӣ истифода баранд ва харид кунанд.Мақомоти Узбекистон зикр кардааст, ки ин барои содда кардани муносибатҳои фаромарзӣ таъсири мусбат мерасонад.Ноҳияи Ургут яке аз қадимтарин марказҳои тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бозори маҳаллӣ, "Маҷмааи Ургут Савдо", яке аз бузургтарин маркази савдо дар минтақа буда, анъанавӣ харидоронро на танҳо аз Тоҷикистони, балки аз Афғонистон низ ҷалб мекунад.
https://sputnik.tj/20250929/tojikiston-segona-uzbekiston-kishvarho-sayyohat-1071603714.html
узбекистон
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_c83984e79ffad9c6a288f90659129379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узбекистон, ургут, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, равобит, тиҷорат, логистика
тоҷикистон, узбекистон, ургут, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, равобит, тиҷорат, логистика
Ноҳияи Ургути Узбекистон ба маркази ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт
Лоиҳаи таъсиси марказҳои тиҷоратӣ, логистикӣ ва тиббӣ дар марзи Узбекистон ва Тоҷикистон ба роҳбари Дастгоҳи Президент Саида Мирзиёева муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Дар марзи Узбекистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд марказҳои тиҷоратӣ, логистикӣ ва тиббӣ сохта мешавад.
Тавре сомонаи upl.uz дар истинод ба дафтари раисҷумҳури Узбекистон хабар додааст, ин ташаббус ба тағйири куллии мақоми минтақаи марзӣ ва табдил додани он аз як долони транзитӣ ба маркази пуриқтидори фаъолияти иқтисодии минтақавӣ нигаронида шудааст.
Дастрасӣ ба ин иншоот тавассути хатти роҳи оҳани ба наздикӣ сохташуда, ки Самарқандро бо Ургут мепайвандад, таъмин карда мешавад
Ин шоҳроҳ ҳамчун пояи стратегӣ барои густариши минтақаи озоди иқтисодӣ ба назар мерасад, ки хароҷоти нақлиётро барои бахши хусусӣ ба таври назаррас кам мекунад ва логистикаи мусофиронро содда мегардонад.
Лоиҳа сохтмони терминали муосири логистикиро бо иқтидори интиқоли то 100 мошини боркаш дар як рӯз дар бар мегирад.
Таваҷҷӯҳи махсус ба ислоҳоти маъмурӣ дар минтақаи назоратӣ зоҳир карда мешавад: механизмҳо барои аз байн бурдани пурраи девонсолорӣ (бюрократия) ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва суръат бахшидани тасдиқи ҳуҷҷатҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин дар ин ҷо лоиҳа сохтмони маркази ташхиси тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Иншооти 2 миллион долларӣ дар 0,8 гектар сохта мешвад. Дар назар аст, ки ин муассисаи тиббӣ ҳар рӯз аз 150 то 200 беморро қабул кунад ва доираи васеи ташхисҳои лабораторӣ, аз ҷумла ҳама намуди ташхисҳои хунро ба роҳ монад. Анҷоми сохтмон барои соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Қисмати чаканаи маҷмаа тақрибан 800 соҳибкорро бо ҷойҳои корӣ таъмин хоҳад кард. Яке аз хусусиятҳои асосии ин минтақа тартиби соддакардашуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд.
Мақомоти Узбекистон қайд кардааст, ки меҳмонон аз Тоҷикистон метавонанд бидуни зарурати гузаштан аз назорати стандартии шиноснома ва интизориҳои тӯлонӣ дар навбатҳо аз хизматрасонии тиббӣ истифода баранд ва харид кунанд.
Мақомоти Узбекистон зикр кардааст, ки ин барои содда кардани муносибатҳои фаромарзӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ноҳияи Ургут яке аз қадимтарин марказҳои тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бозори маҳаллӣ, "Маҷмааи Ургут Савдо", яке аз бузургтарин маркази савдо дар минтақа буда, анъанавӣ харидоронро на танҳо аз Тоҷикистони, балки аз Афғонистон низ ҷалб мекунад.