Табодули колои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ наздик ба 4 миллиард доллар расид

© Sputnik / Бахром ХатамовГрузовые контейнеры в железнодорожном терминале Ташкента
Грузовые контейнеры в железнодорожном терминале Ташкента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон омодааст минбаъд ҳамкории байниминтақавӣ ва густариши савдои мутақобиларо дар доираи ИДМ таҳким бахшад
ДУШАНБЕ, 19 дек - Sputnik. Дар ҷаласаи 14-уми Шӯро оид ба ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзии давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона қайд кард, ки фазои ИДМ яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин бора дафтари матбоути вазорати рушди иқтисод ва саводои Тоҷикистон хабар додааст.
Вай гуфт дар ин ҷаласа ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ нақши муҳимро дар пурмазмун гардонидани тавофуқоти байнидавлатӣ мебозад.
Зикр гардид, ки гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар 10 моҳи соли 2025 ба 3,7 млрд. доллар расидааст.
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2025
Афзоиши 2,2 дарсадии тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои ИДМ дар 9 моҳи соли 2025
Дар ин ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкории саноатӣ ва истеҳсолӣ, ташаккули роҳҳои устувори кооператсионӣ, инчунин васеъгардонӣ ва навсозии долонҳои нақлиётӣ равона гардид, ки ба баланд бардоштани иқтидори транзитии минтақа, коҳиш додани хароҷоти логистикӣ ва таъмини ҳаракати бемонеаи молҳо байни давлатҳои иштирокчии ИДМ нигаронида шудаанд.
Тоҷикистон омодагии худро бароии таҳкими минбаъдаи ҳамкории байниминтақавӣ, густариши савдои мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи ИДМ изҳор намуд.
Лентаи хабарҳо
0