Тоҷикистон мехоҳад содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба Русия афзоиш диҳад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВыставка сельскохозяйственной продукции в районе Файзобод
Выставка сельскохозяйственной продукции в районе Файзобод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2025
Обуна шудан
Масъалаи афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаласаи навбатии маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири рушди иқтисоди Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Дар ҷаласаи навбатии маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников рафти иҷрои супоришҳо ва дастурҳои роҳбарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Русия ба Тоҷикистон дода шуда буданд, муфассал баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.
Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои афзоиши содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия зоҳир карда шуд.
Дар ин замина тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои имзои як қатор созишномаҳо ва шартномаҳои тиҷоратиро байни ширкатҳои ду кишвар, ки ба зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Россия равона шудаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Работа контейнерного терминала Калининградского морского порта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2025
Коршинос ояндаи дурахшони тиҷорати байни Русия ва Тоҷикистонро пешгӯӣ кард
“Татбиқи ин мувофиқаҳо ба таъмини устувории таъминот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи ҷаласа ҷонибҳо қадамҳои минбаъдаро барои татбиқи амалии масъалаҳои қайдгардида мувофиқа намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда тасдиқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0