Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Олмон пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо 70%-и содироти худро ба Русия аз даст дод

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкБундестаг
Бундестаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2025
Обуна шудан
Ҳисобу китоб карда шуд, ки Олмон бино бар таҳримщои ҷорикарда алайҳи Русия чӣ қадар имкониятҳои содиротии худро аз даст додааст.
ДУШАНБЕ, 17 дек – Sputnik. Бино бар ҷорӣ шудани таҳримҳо, Олмон беш аз 70% имкониятҳои содиротии худро ба бозори Русия аз даст додааст.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба маълумоти Eurostat хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 – пеш аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо – ширкатҳои олмонӣ аз содироти мол ва хизматрасонӣ ба Русия 19,6 миллиард евро ба даст оварданд. Дар ҳамин давраи соли 2025, содирот танҳо 5,2 миллиард евроро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, Олмон 73,5%-и арзиши умумии тиҷорати хориҷии худро аз даст дод.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков на встрече президента РФ Владимира Путина и президента Ирана Масуда Пезешкиана в Ашхабаде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт дар бораи мавқеи Русия дар масъалаи нерӯҳои хориҷӣ дар Украина
Дар соли 2021, кишвар аз содирот ба Русия ҳар моҳ 2,3 ​​миллиард евро ба даст меовард; айни замон, ин рақам то 584 миллион евро коҳиш ёфтааст.
Дар тӯли чанд соли охир, Иттиҳоди Аврупо 19 бастаи таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ кардааст. Охиринаш, ки қисман аз ҷониби Олмон дастгирӣ шуда буд, тирамоҳи имсол буданд.
Он маҳдудиятҳои иловагиро ба бонкҳо ва системаҳои пардохти электронии Русия, инчунин як қатор ширкатҳои хориҷиро дар бар мегирифт, ки ба Маскав дар канорагирӣ аз маҳдудиятҳо кӯмак мекарданд.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки бо фишори таҳримҳо, ки соли 2022 оғоз шуда буд ва шиддат гирифта истодааст, мубориза хоҳад бурд.
Лентаи хабарҳо
0